< 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 170 иншооти роҳу нақлиёт бунёд ва таҷдид мегардад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 170 иншооти роҳу нақлиёт бунёд ва таҷдид мегардад

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 170 иншооти роҳу нақлиёт бунёд ва таҷдид мегардад
​Тавре аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо дастгирии Вазорати нақлиёт, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорону фаъолон дар маркази шаҳри Турсунзода 4,5 километр роҳи мошингард мумфарш карда шуд. Аз ҷумла, роҳҳои деҳаҳои Зиёраттут, Сангқалъа, Чиртак ва Истиқлол-1-и деҳоти Навобод ба масофаи 8,1 километр бо истифода аз масолеҳи босифат асфалтпӯш карда шуданд. Инчунин дар деҳоти Работ 8,8 километр, Турсун Тӯйчиев- 4,8, Ҷӯра Раҳмонов- 6 ва дар Қаратоғ 4,6 километр роҳ мумфаршу бетонпӯш карда шуд.

Ташаббускорон азм гирифтаанд, ки дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳо амалҳои созанда ба анҷом расонанд.

Бояд гуфт, ки дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди роҳҳои ободи деҳот барои солҳои 2023-2028"-ро таҳия ва тасдиқ намуд, ки дар ҳолати иҷро қарор дорад.
Ин барнома аз ҳисоби панҷ манбаи маблағгузорӣ амалӣ карда мешавад: маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки барои Вазорати нақлиёт пешбинӣ шудаанд, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, буҷети мақомоти ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорони ватанӣ ва кумаки мутақобили сокинони маҳаллӣ (бо усули ҳашар).

Бо назардошти муҳимияти ин масъала масъулини Муассисаи давлатии  «Нигаҳдории роҳҳои автомобилгард"-и шаҳри Турсунзода омодагӣ гирифтаанд, ки дар давраи сардиҳои зимистон ҳаракати тамоми воситаҳои нақлиётро бе таъхир таъмин намоянд.

Сарчашма:khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий