< Президенти Тоҷикистон: «Соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад» » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Президенти Тоҷикистон: «Соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад»

Президенти Тоҷикистон: «Соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад»
​Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар даҳ соли охир соҳаи энергетикаи мамлакат ба маблағи беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки дар натиҷа иқтидори истеҳсолии неруи барқ дар ҳаҷми 1017 мегаватт афзоиш ёфт. Танҳо аз ҳисоби таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунанда иқтидори истеҳсолӣ 200 мегаватт зиёд гардида, аз 17,2 миллиард киловат-соати соли 2015 дар соли 2025 ба 24,2 миллиард-киловатт соат расонида шуд.

«Мо имрӯз мушкилоти мардуми шарифи Тоҷикистонро дар шароити муваққатии интиқоли неруи барқ ба хубӣ медонем. Ин ҳолат аз як тараф натиҷаи афзоиши аҳолӣ, зиёдшавии корхонаҳои саноатӣ ва дар маҷмуъ афзудани истеъмоли неруи барқ бошад, аз тарафи дигар таъсири камбориш омадани тирамоҳи соли равон ва кам гардидани воридшавии об ба обанборҳои неругоҳҳои барқи обии мамлакат мебошад», — шарҳ доданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд, ки Ҳукумати мамлакат барои бартарафсозии ин мушкилот тамоми чораҳои зарури амалӣ менамояд. Дар айни замон корҳои лоиҳавию сохтмони ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт оғоз гардида, то моҳи августи 2026 ба истифода дода мешаванд.

Сарчашма:khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий