< “ФЕРМАИ ҶАВОБ” - ДАР МУЛОҚОТ БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: БО ОБРӮИ ПРЕЗИДЕНТ КӢ БОЗӢ МЕКУНАД? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

“ФЕРМАИ ҶАВОБ” - ДАР МУЛОҚОТ БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: БО ОБРӮИ ПРЕЗИДЕНТ КӢ БОЗӢ МЕКУНАД?

“ФЕРМАИ ҶАВОБ” - ДАР МУЛОҚОТ БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: БО ОБРӮИ ПРЕЗИДЕНТ КӢ БОЗӢ МЕКУНАД?

Рӯзи 20 феврал ба мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо журналистон дар Қасри миллат як села нафаронеро роҳ додаанд, ки ба гуфтаи иштироккунандагони ин мулоқот, касе аз журналистон онҳоро намешинохт. "Инҳо аз Кумитаи амниятанд,” – гуфтаанд ба журналистоне, ки кунҷкобӣ кардаанд. Бино ба иттилои дарёфтии сомонаи "Ахбор”, ин афрод аз "фермаи ҷавоб”, як ниҳоди таблиғотии бадномшудае будаанд, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон барои ҳамла ба мухолифин ва мунтақидон ташкил кардаанд.

Дар ҳоле ки журналистонро ба худиву бегона ҷудо карда, намояндагони нашрияҳои ғайридавлатиро ба ин мулоқот роҳ надоданд, чунин ба назар мерасад, ки бо ташкили иштироки як села аз "фермаи ҷавоб” дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон касе ё гуруҳе махсус обрӯи президенти Тоҷикистонро резондан мехоҳад.
 
Он намояндагони "фермаи ҷавоб”-ро, ки ба мулоқоти президент роҳ дода шуданд, баъди ин мулоқоти рӯзи 20 феврал дар як гӯша ҷамъ карда, махсус гӯштоб кардаанд, ки дар бораи иштирокашон дар ин ҷаласа дар ягон ҷо чизе нагӯянд. "Чунки гап калон мешавад ва обрӯи президент мерезад,” – гуфтааст як масъул ба аҳли ин "ферма”.

Журналистони расонаҳои давлатӣ, ки дар мулоқот бо президент иштирок доштанд, мегӯянд, тақрибан нисфи иштирокчиёнро нафароне ташкил медоданд, ки касе аз журналистон онҳоро намешинохт ва дар ягон расонаи давлатӣ ҳам кор намекарданд.

"Як тӯдаи галстукпӯши мӯи сарашон оҳарзадаро оварда, ба толор дароварданд, ки ростӣ, мо ягон нафарашро нашинохтем. Вақте пурсидем, гуфтанд, инҳо аз Кумитаи амниятанд. Кӣ буданд, чӣ буданд ва барои чӣ дар мулоқот бо президент аз номи аҳли матбуот инҳо иштирок карданд?, маълум набуд,” – гуфт яке аз иштироккунандагон мулоқот ба сомонаи "Ахбор”.

Сомонаи "Паём” қаблан навишт, ки рӯзи 20 феврал – рӯзи мулоқоти президент бо журналистони расонаҳои давлатӣ "фермаи ҷавоб” ба таври ғайричашмдошт хомӯш буд. Ин сомона ҳадс зад, ки зоҳиран аҳли "фермаи ҷавоб”-ро ба мулоқоти президент бурдаанд.
Дар посух ба ин гузориши "Паём” "фермаи ҷавоб” чанд матлаб навишт, вале дар ҳеҷ кадомаш хабари иштироки намояндагони "ферма” бо президентро касе инкор накард.

Манобеи "Ахбор”, аз ҷумла ду манбаъ аз дохили "фермаи ҷавоб” иштироки намояндагони он дар мулоқоти президент бо журналистонро тасдиқ карданд. 

Муаллифони "ферма” бо ифтихор гуфтанд, ки ширкати намояндагони "фермаи ҷавоб” дар мулоқот бо президент маънои эътирофи расмии хидмати онҳо аз ҷониби ҳукуматро дорад ва аз ин хеле сарфароз шудаанд, ки ба хидмати онҳо чунин арҷгузорӣ шудааст.
 Ин дар ҳолест, ки дар хабари расмии хадамоти матбуоти президент ишорае ба иштироки "фермаи ҷавоб” дар он мулоқот нест. Дар гузориши расмӣ танҳо гуфта мешавад, ки президент бо намояндагони расонаҳои давлатӣ, аз ҷумла радиову телевизионҳои давлатӣ ва нашрияҳои ҳизби ҳокими халқии демократӣ мулоқот кардааст.

Инки баъди мулоқот намояндагони "фермаи ҷавоб”-ро гӯштоб додаанд, ки дар ин бора ҷое сухан накунанд, баёнгари он аст, ки чӣ қадар шармовар будани ҳузури ин тӯдаи белаҷом дар чунин мулоқоти сатҳи баландро дар мақомоти ҳукуматӣ низ эҳсос мекунанд.
Вале суол ин аст, ки пас кӣ ва дар кадом сатҳ тасмим гирифтааст, ки ин тӯдаи бемасъулият, авбош ва даҳонашон пур аз дашному таҳқирро ба мулоқоти президент бурдааст? Он нафар кист, ки бо обрӯи президент чунин бозӣ мекунад? Наход ҳукумати Тоҷикистон пуштибонҳои қавиву донишманде надошта бошад, ки огоҳона, бо далел ва бо риояи чорчӯби адаб ва фарҳанги хоси мардуми тоҷик аз манфиатҳои ҳукумат пуштибонӣ кунанд ва рӯи ниёз ба ин як тӯдаи бесавод, беадаб ва шарманда овардааст?

То кунун ин ниҳоди таблиғотие, ки бо номи "фермаи ҷавоб” (қаблан – "фабрикаи ҷавоб”) ном баровардааст, ба ҳукумат бештар хидмати хирсона карда, дар ин чанд сол бо душмансозиву душмантарошиаш баракс хеле аз дӯстони ҳукуматро душман кард ё ҳадди ақал аз домани ҳукумат гурезонд, чунки афроде, ки ба худ эҳтиром мегузоранд, аз ҳамнишинӣ ва ҳамсангарӣ бо ин тоифаи авбошу шӯрапуште, ки дар ҷомаи ҳимоят аз манфиатҳои ҳукумат баракс ҳукуматро шарманда карда истодаанд, парҳез мекунанд.

Ҳар касе ки тасмими даъвати "фермаи ҷавоб” ба мулоқоти президентро гирифтааст, дар воқеъ ба зарари президент кор мекунад. Ва зоҳиран дидаву дониста ин корро анҷом медиҳад.

Магар ҳазор бор беҳтар набуд, ки аз ин ниҳоди таблиғотии шармовар, ки номуваффақтарин тарҳи идеологии мақомоти амниятии Тоҷикистон низ эътироф шудааст, ба мулоқот бо президент намояндагони матбуоти ғайридавлатиро низ роҳ медоданд? Чӣ даркор буд ҷудо кардани журналистон ба худию бегона? Ва пур кардани толор бо "фермаи ҷавоб” ва зери суол бурдани обрӯи президент, ки баъди қариб даҳ сол бори аввал бо журналистон суҳбати рӯбарӯ орост?

Сарчашма: https://akhbor.com/x-x-p8644-168.htm

Комментарии (0)

Оставить комментарий