< Месси: “Пазмони Барселона шудаам ва мехоҳам ба инҷо баргардам...” » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Месси: “Пазмони Барселона шудаам ва мехоҳам ба инҷо баргардам...”

Месси: “Пазмони Барселона шудаам ва мехоҳам ба инҷо баргардам...”
​"Мо бисёр барои Барселона дилтанг мешавем. Мо пайваста бо фарзандонам ва ҳамсарам дар бораи он чизе, ки дар Барселона рӯй медиҳад, сӯҳбат мекунем. Мо мехоҳем ба он ҷо баргашта зиндагӣ кунем. Мо дар он ҷо хона дорем, ҳама чизро дорем, бинобар ин мо ҳаминро мехоҳем«, — фишурдаи суханони Мессиро нашрияи Sport.es иқтибос овардааст.

Месси қаблан изҳор дошт, ки „Барселона"-ро он тавре ки мехост, тарк накардааст.

Ёдовар мешавем, ки Месси аз соли 2003 то 2021 дар ҳайати «Барселона» бозӣ кардааст. Дар ин муддат ӯ 778 бозӣ гузаронида, 672 гол задааст ва 303 паси головар анҷом додааст. Месси 10 маротиба қаҳрамони Испания, ҳафт бор ғолиби Ҷоми Испания ва чор бор ғолиби Лигаи чемпионҳо шудааст.

Сарчашма: varzishtv.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий