Сафари тоҷикистониҳо ба Русия ҳудуди 40% кам шудааст
Дар шаш моҳи соли равон наздики ним миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия рафтаанд ва онҳо ҳадафи сафари худро ба ин кишвар кор нишон додаанд. Ин оморро хабаргузории ТАСС бо такя ба омори Вазорати корҳои дохилии Русия навиштааст.
Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 330 ҳазор кас ё ҳудуди 40% кам аст. Тибқи иттилои расмии мақомоти Русия дар нимсолаи аввали соли гузашта 825 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия барои кор рафта буданд.
Ба иттилои манбаъ, имсол тоҷикистониҳо дар байни шаҳрвандони хориҷие, ки Русияро ҷойи кор интихоб кардаанд, дар ҷойи дуюм (494,5 ҳазор кас) қарор доранд. Дар ин давра, бештар шаҳрвандони Ӯзбекистон – 1,178 миллион нафар бо ҳадафи кор ба ин кишвар рафтаанд.
Ҳамчунин 289 ҳазор нафар аз Қирғизистон, 122,6 ҳазор тан аз Қазоқистон ва 89,6 ҳазор кас аз Чин ҳамчун коргар ба Русия рафтаанд, ки дар рӯйхати кишварҳои панҷгона қарор доранд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон барои фаъолияти қонунии меҳнатӣ дар Русия бояд иҷозатномаи корӣ ё патент гиранд. Баръакси онҳо, шаҳрвандони Қирғизистон, Қазоқистон, ки аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мебошанд, ба гирифтани иҷозатномаи корӣ ниёз надоранд.
Аз ҷумла, дар рӯзи аввали моҳи октяббр мақомоти Русия танҳо дар вилояти Маскав дар пайи амалиёти “Нелегал-2026” ҳукми ихроҷи 6 ҳазору 559 шаҳрванди хориҷиро содир кардаанд.
Ба иттилои ТАСС, дар ҷараёни он ҳамчунин, қарори манъи вуруди 18 ҳазору 615 шаҳрванди хориҷии дигар қабул шудааст.
Ин расона навишт, дар ҷараёни “Нелегал-2026” беш аз 16 ҳазор мавриди вайрон кардани қонунгузории Русия дар соҳаи муҳоҷират ошкор шудааст. Ҳамчунин, дар ин давра нисбати корфармоён барои ғайриқонунӣ ҷалб кардани муҳоҷирон ба кор 2 ҳазору 393 парванди маъмурӣ тартиб додаанд. Дар амалиёти худ мақоқоти Русия 255 миллиону 600 ҳазор рубл ҷаримаи маъмурӣ ситондаанд.
Мақомоти Русия ҳадафи ин амалиётро “муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ошкор кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷиноятҳо дар соҳаи муҳоҷират” меноманд. Ин дар ҳолест, ки дар моҳи октябр муҳоҷирони корӣ борҳо аз ҳамлаи мақомоти Русия ба масҷиду хобгоҳ ва ҷойи корашон шикоят карда буданд.
Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 330 ҳазор кас ё ҳудуди 40% кам аст. Тибқи иттилои расмии мақомоти Русия дар нимсолаи аввали соли гузашта 825 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия барои кор рафта буданд.
Ба иттилои манбаъ, имсол тоҷикистониҳо дар байни шаҳрвандони хориҷие, ки Русияро ҷойи кор интихоб кардаанд, дар ҷойи дуюм (494,5 ҳазор кас) қарор доранд. Дар ин давра, бештар шаҳрвандони Ӯзбекистон – 1,178 миллион нафар бо ҳадафи кор ба ин кишвар рафтаанд.
Ҳамчунин 289 ҳазор нафар аз Қирғизистон, 122,6 ҳазор тан аз Қазоқистон ва 89,6 ҳазор кас аз Чин ҳамчун коргар ба Русия рафтаанд, ки дар рӯйхати кишварҳои панҷгона қарор доранд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон барои фаъолияти қонунии меҳнатӣ дар Русия бояд иҷозатномаи корӣ ё патент гиранд. Баръакси онҳо, шаҳрвандони Қирғизистон, Қазоқистон, ки аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мебошанд, ба гирифтани иҷозатномаи корӣ ниёз надоранд.
Ҳукми ихроҷи беш аз 6,5 ҳазор муҳоҷир дар 10 рӯз дар Маскав
Ин дар ҳолест, ки дар Русия тайи чанд соли ахир қонунгузорӣ дар самти муҳоҷират сахттар шуда, маҳдудиятҳои корӣ ва фишору таъқиб нисбати муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла тоҷикистониён афзуда, ҳазорҳо тан ихроҷ шудаанд.Аз ҷумла, дар рӯзи аввали моҳи октяббр мақомоти Русия танҳо дар вилояти Маскав дар пайи амалиёти “Нелегал-2026” ҳукми ихроҷи 6 ҳазору 559 шаҳрванди хориҷиро содир кардаанд.
Ба иттилои ТАСС, дар ҷараёни он ҳамчунин, қарори манъи вуруди 18 ҳазору 615 шаҳрванди хориҷии дигар қабул шудааст.
Ин расона навишт, дар ҷараёни “Нелегал-2026” беш аз 16 ҳазор мавриди вайрон кардани қонунгузории Русия дар соҳаи муҳоҷират ошкор шудааст. Ҳамчунин, дар ин давра нисбати корфармоён барои ғайриқонунӣ ҷалб кардани муҳоҷирон ба кор 2 ҳазору 393 парванди маъмурӣ тартиб додаанд. Дар амалиёти худ мақоқоти Русия 255 миллиону 600 ҳазор рубл ҷаримаи маъмурӣ ситондаанд.
Мақомоти Русия ҳадафи ин амалиётро “муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ошкор кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷиноятҳо дар соҳаи муҳоҷират” меноманд. Ин дар ҳолест, ки дар моҳи октябр муҳоҷирони корӣ борҳо аз ҳамлаи мақомоти Русия ба масҷиду хобгоҳ ва ҷойи корашон шикоят карда буданд.
Комментарии (0)