Дар Душанбе ҳаракати нақлиёт дар чанд роҳ маҳдуд мешавад
Ҳаракати нақлиёт дар як қатор хиёбону кӯчаҳои шаҳри Душанбе рӯзи 27 -уми октябр аз соати 08:30 то 10:00 муваққатан маҳдуд карда мешавад. Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, маҳдудият хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои И. Сомонӣ, Ҳ. Шерозӣ ва С. Шерозӣ, инчунин кӯчаҳои А. Қаҳҳоров, Карин Ман ва М. Мастонгуловро дар бар мегирад. Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки дар ин муддат аз роҳҳои шафат истифода бурда, аз таваққуфи ғайриқонунии воситаҳои нақлиёт худдорӣ намоянд.
Сарчашма: oila.tj
Сарчашма: oila.tj
Комментарии (0)