< Эрон омори охирро эълон кард: беш аз 86 ҳазор нафар аз вируси корона шифо ёфтанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Эрон омори охирро эълон кард: беш аз 86 ҳазор нафар аз вируси корона шифо ёфтанд

Эрон омори охирро эълон кард: беш аз 86 ҳазор нафар аз вируси корона шифо ёфтанд
Тибқи омори ахири мақомоти вазорати тандурустии Эрон дар ин кишвар 86 ҳазору 143 нафар мубталоён ба коронавирус шифо ёфта, аз бемористон ба хонаҳояшон баргаштанд

 Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ахиран ба хабарнигорон гуфтааст, ки то кунун дар ин кишвар 86 ҳазору 143 нафар аз мубталоён ба коронавирус беҳбуд ёфта, аз бемористонҳо мураххас шудаанд, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей"

Вай афзуд, ки дар Эрон дар 24 соати гузашта 1383 бемори ҷадид ба қайд гирифта шуд.

“То кунун бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 107 603 нафар дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд”, - таъкид доштааст Ҷаҳонпур.

Вай ҳамзамон гуфт, ки дар 24  соати ахир фавти 51 нафар сабт шудааст. Дар ҳамин ҳол шумори фавтидагон аз коронавирус дар Эрон ба 6 ҳазору 640 нафар расидааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий