< Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи кувайтии «Ал-Қабас» вохӯрӣ намуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи кувайтии «Ал-Қабас» вохӯрӣ намуд

Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи кувайтии «Ал-Қабас» вохӯрӣ намуд
​Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар вохӯрӣ оид ба ҷойгоҳу нақши муассири расонаҳо дар таъмиқи шинохт ва тафоҳуми мутақобил ва низ густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт табодули назар доир шуд.

Зимни қадрдонӣ аз эҳтимоми рӯзномаи «Ал-Қабас» ба пӯшишу бозтоби робитаҳои ду мамлакат сафир бар аҳаммияти нақши расонаҳо дар муаррифии дастовардҳо ва фурсатҳои ҳамкории  дуҷониба таъкид кард.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий