Президенти Ҷумҳурии Лубнон Сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон хабар доданд, зимни мулоқот маҷмуи васеи масъалаҳои марбут ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Лубнон, роҳҳои таҳкими муколамаи сиёсӣ, густариши робитаҳои байнидавлатӣ ва тақвияти ҳамкории мутақобили судманд дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таваҷҷуҳи махсус ба густариши муколамаи созанда байни ду мамлакат, инчунин истифодаи самараноки имконияту иқтидори мавҷуда барои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва фарҳангию гуманитарӣ зоҳир гардид.
Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Лубнон дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалиро баррасӣ намуда, доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавию байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот аҳаммияти таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона, тавсеаи заминаҳои ҳамкории мутақобили судманд ва ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Лубнон таъкид гардид.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)