< Чин: коронавирусро сарбозони Амрико ба Вуҳан оварданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Чин: коронавирусро сарбозони Амрико ба Вуҳан оварданд

Чин: коронавирусро сарбозони Амрико ба Вуҳан оварданд
Намояндаи Вазорати умури хориҷии Чин бар бовар аст, ки маризии сироятии коронавирус нахуст дар Амрико зуҳур кард ва вирусро низомиёни ин кишвар ба Вуҳан интиқол доданд

Чжао Лисзян пас аз изҳороти роҳбари Маркази пешгирӣ ва назорати бемориҳои Амрико Роберт Редфил, ин кишварро ба он муттаҳам кард, ки маризиро ба Вуҳан маҳз низомиёни амрикоӣ оварданд.

"Ҳақиқатро ошкоро гӯед, маълумотҳои кишваратонро дар робита ба ин маризӣ нашр кунед ва ба мо асли воқеаро фаҳмонед", - навиштааст дипломати чиноӣ дар сафҳаи худ дар Twitter. 

Роҳбари Маркази пешгирӣ ва назорати бемориҳои Амрико Роберт Радфилд зимни як ҷаласа изҳор доштааст, ки дар Амрико ҳолатҳои фавти одамон сабт гардидаст, ки гӯё бар асари гирифторшавӣ ба зуком ҷон бохтанд, вале дар асл онҳо аз коронавирус фавтидаанд.

Номбурда аз ҳукумати Амрико даъват намудаст, ки нахустин ҳолати сироятёбии шаҳрвандони амрикоӣ, теъдоди маризон ва ҳамзамон дар кадом беморхонаҳо бистарӣ гардидани онҳоро, расман нашр намоянд.

Ёдовар мешавем, ки зуҳури маризии сироятии коронавирус авохири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани Чин сар зад.

Феълан 114 кишвари дунё дар гирдоби гирифторӣ ба ин маризӣ қарор дошта, аллакай беш аз 4 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

Ахиран Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, маризии коронавирусро пандемия эълон кард.

Комментарии (0)

Оставить комментарий