Чаро коронавирус ба кӯдакон раҳм мекунад?

Коронавируси чинии 2019-nCoV, бино бар ташхисҳои зиёд, ба кӯдакон ва наврасони то 19-сола камтар асар гузоштааст
Маркази чинии назорат ва пешгирии маризии корона хабар додааст, ки байни беморон танҳо 2 дар сад кӯдакон гирифтори коронавирус шудаанд, гузориш медиҳад "Известия".
Ин маълумотҳо дар натиҷаи ташхиси 70 ҳазор ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 ҷамъоварӣ шудаанд.
Байни дараҷаҳои синусолӣ аз 0 то 10 сола танҳо 1 дарсади ҳолатҳои гирифторӣ ба вирус ба қайд гирифта шудааст.
Вирусшиносони Русия ҳамчунин таъкид мекунанд, ки кӯдакон камтар аз ҳама ба коронавирус мубтало шудаанд, аммо дар дигар ҳолатҳо онҳо дар доираи хатар қарор доранд.
Пизишкон боварӣ доранд, ки тамоюл бо системаи сироятпазирӣ инсон бо гузашти солҳо заиф мешавад ва сироятпазир мегардад.
Афзун бар ин, доштани бемориҳои мармуз, ки кӯдакон надоранд, далели бо марг анҷом расидани бемори гирифтори коронавирус мебошад.
Як омили дигари масунияти кӯдакон ба COVID-19 ғамхории волидон ва карантини фаврӣ дар мусаасисаҳои кӯдакона будааст.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи мудири Пажӯҳишгоҳи паразитологияи Маскав Александр Лукашев, масъалаи таъсири вирус ба кӯдакон пажӯҳиши бештареро талаб мекунад.
"Эҳтимол аст, ки вируси корона барои кӯдакон чандон хавфнок нест, аммо феълан ин нуқтаро наметавон бо боварии комил изҳор дошт", - таъкид мекунад мудири пажӯҳишгоҳ.
Феълан гурӯҳи асосии хавфноки сирояти коронавирус одамони аз 60-сола болоро ташкил медиҳанд. Бино бар омори ахир, 87 дар сади ҳолати гирифтори ба вирус аз 30-сола то 79-солаҳоро ташкил медиҳанд.
Ҳангоми натиҷаҳои марговар маризон ҳамунин гирифтори бемориҳои мармуз буданд ва маҳз аз боди бемориҳое, ки пештар доштанд, даргузаштанд.
Пештар мақоқомоти Чин мақолаеро мунташир карданд, ки омори марги аввалин гирифторони коронаро дар Вуҳан ироа мекард. Байни онҳо кӯдакон ба қайд гирифта нашудаанд.
Моҳи январ дар бемористони Харбин хабар паҳн шуд, ки зани ҳомилаи гирифтори вируси COVID-19 кӯдаки умуман солимеро ба дунё овард.
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, 3,4 дар сади гирифторони коронавирус даргузаштаанд. Ба гуфтаи мудири СУТ Тедрос Гебреисус, ин нишондод назар ба ҳолатҳои маргумир дар пайи зуком ба 2,4 дар сад боло мебошад.
Комментарии (0)