< Боздошти 6 кас бо гумони муомилоти беш аз 160 кг “ҳероин”, “афюн” ва “ҳашиш” » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Боздошти 6 кас бо гумони муомилоти беш аз 160 кг “ҳероин”, “афюн” ва “ҳашиш”

Боздошти 6 кас бо гумони муомилоти беш аз 160 кг “ҳероин”, “афюн” ва “ҳашиш”
Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД)-и Тоҷикистон аз боздошти 6 кас хабар дода, гуфт, ки аз махфигоҳи онҳо дар ҳудуди шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 161 кг маводи мухаддири навъи «ҳероин», «афюн» «бангдона» ва «ҳашиш» дарёфту мусодира кардаанд.
Ин ниҳод дар як гузориш, ки рӯзи 25-уми ноябр нашр кард, аз онҳо «аъзои гурӯҳи нашъаҷаллоби фаромиллӣ» ном бурда, гуфтааст, арзиши эҳтимолии маводи мусодирашуда беш аз 3 миллион доллар буда, гумонбарон мехостаанд, онро ба хориҷи кишвар интиқол диҳанд. Вале мушаххас нагуфтаанд, ки ба кадом кишвар мехостанд фиристанд.

Ба қавли манбаъ, кормандони ВКД рӯзи 15-уми ноябр зимни боздошт дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз онҳо  77 кг «ҳероин», 77 кг «афюн», 5 кг «бангдона» ва 2 кг «ҳашиш» дарёфту мусодира кардаанд.
                                    "                                          
«Гурӯҳи муташаккил муддати тӯлонӣ маводи мухаддирро ғайриқонунӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид карда, минбаъд онро ба дигар кишварҳо интиқол медоданд»,-гуфтааст ВКД.
                                          Ин ниҳод аз ин афрод чунин ном бурдааст:
  • Улуғбек Зуҳуров, бо тахаллуси «Барон», сокини 55-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, пеш бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир додгоҳӣ шудааст;
  • Ҳомид Ашрафов, сокини 53-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, пеш бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир додгоҳӣ шудааст;
  •  Бадахшон Шоев, сокини 51-солаи шаҳри Бӯстон, пеш бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир додгоҳӣ шудааст;
  • Файёзиддин Раҳимов, сокини 28-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, қаблан бо ҷурми расонидани зарари миёна ба саломатӣ додгоҳӣ шуда, аз соли 2016 барои ҷинояти одамкушӣ дар ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарор дошт;
  • Фаридун Раҳимов, сокини 28-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба қавли мақомот дар гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ нақши пинҳон кардани маводи мухаддиро тариқи «хатчӯб» иҷро мекардааст;
  • Қосим Абдуллоев, сокини 46-солаи шаҳри Душанбе, пеш бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир додгоҳӣ шудааст.
ВКД гуфтааст, ки Қосим Абдуллоев соли 2024 баъди ба озодӣ баромадан, беш аз 2 тонна маводи мухаддирро қабул ва тибқи дастури Муҳибулло, шаҳрванди Афғонистон ва «яке аз роҳбарони дигари гурӯҳи муташаккили фаромиллӣ» дар як ҷои муайян барои фурӯш гузоштааст.

Намогирифт аз навори ВКД
Намогирифт аз навори ВКД


Мақомот аз роҳбари дигари ин гуруҳи ҷиноятӣ, Ҳандулло Маҳмадов бо тахаллуси Ҳикмат, зодаи 58-солаи ноҳияи Ҷайҳун ном бурда, гуфтааст, ки ӯ дар хориҷи кишвар қарор дорад. Ба қавли ин ниҳод, номбурда бо Муҳибулло, шаҳрванди Афғонистон, Улуғбек Зуҳуровро бо воситаҳои нашъадор таъмин мекардаанд.
                                                                    
Алайҳи гумонбарон бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир (моддаи 200 қисми 4-и КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин иттиҳом аз 12 то 20 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.                                                              
Назари боздоштшудаҳо вобаста ба ин қазия ва гуфтаҳои мақомот маълум нест.
Маводи пурхонанда

Маводи пурхонанда«Чанд вақти охир, мақомоти Тоҷикистон аз ошкору дастгир кардани гурӯҳҳои нашъаҷаллоб зиёд хабар медиҳанд. Аз ҷумла, чанде пеш Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти 9 кас бо гумони қочоқи маводи мухаддир ба хориҷи кишвар хабар дода, гуфт, ки аз махфигоҳи онҳо 24 кг маводи мухаддири навъи „ҳашиш“ дарёфту мусодира кардаанд.
Мехоҳед „Азия-Плюс"-ро дар Google бештар бинед? Моро ба манбаъҳои афзалиятнок илова кунед.

Тибқи иттилои Оҷонсии зиддинашъаи Тоҷикистон, мақомоти қудратӣ дар шаш моҳи соли равон, 2 тоннаву 963 килограмм маводи нашъадор мусодира кардаанд, ки нисбат ба соли 2025-ум 143 килограмм (5%) камтар аст.
Ба гуфтаи ин ниҳод давоми ним сол 28 шаҳрванди хориҷӣ барои воридоти маводи мухаддир ба Тоҷикистон дастгир шуда, аз онҳо 694 кг маводи нашъадор мусодира шудааст.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий