“Дар роҳ боз як мусофир мегирем”. Мусофири кирокаш дар Тоҷикистон чӣ ҳуқуқҳо дорад?
Шумо кирокаш киро кардед, то оромона ба хона расед, аммо дар роҳ маълум шуд, ки роҳкиро каме дигар аст, ронанда мехоҳад як шиносашро савор кунад ва барои ҷомадони шумо, пул талаб мекунад. Ҳуқуқу уҳдадориҳо дар хадамоти кирокашии Тоҷикистон чӣ гуна
танзим мешаванд ва поёни «якчи медиҳед» чист?
Аввал — дар бораи ронандагон. Онҳо дар назди мусофирон чӣ уҳдадориҳо доранд? Ронанда аз пули ҳисобшуда бештар талаб мекунад. Оё ин мумкин аст?Тибқи барномаи «Jura», масири дақиқ ва роҳкиро тавассути фановариҳои хос ва худкор ҳисоб мешавад. Маҳз пули ҳисобшуда бояд пардохт шавад. Ронанда наметавонад худсарона нархи дигарро муайян ва талаб кунад.
Агар ронанда пули бештар талаб кунад, пурсед, ки барои чӣ. Агар ба мувофиқа нарасидед, ба танзимгари хадамоти кирокашӣ занг занед, рақами мошинро гӯед ва хоҳиш кунед, ки масъалаи арзиши роҳкироро баррасӣ кунад.
Ба куҷо метавон шикоят кард?Пеш аз ҳама, ба хадамоти дастгирии Jura муроҷиат кунед. Ин корро тавассути Telegram-боти @jura_help_bot анҷом додан мумкин аст.
Тибқи қоидаҳои Jura, ин хадамот ҳуқуқ дорад, ки барои иҷрои номатлуби фармоиш интиқолдиҳандаро аз пойгоҳи додаҳои худ хориҷ кунад. Яъне шикоят метавонад оқибат дошта бошад.
"
Ронанда сигор мекашад ва дар посух ба эродҳо мегӯяд, ки ин мошини худи ӯст ва мувофиқан, қоидаҳоро низ худаш муайян мекунад. Ба ӯ чӣ ҷавоб додан лозим аст?Бояд гуфт, ки сигоркашӣ дар таксӣ тибқи қонун манъ аст. Моддаи 6-и Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» манъи сигоркаширо мустақиман ба ҳамаи навъҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла таксӣ, татбиқ мекунад. Ба кӣ тааллуқ доштани мошин аҳаммият надорад.
Аз ин рӯ, хоҳиши қатъ кардани сигоркашӣ нозу нузи мусофир нест. Шарҳ додан, ки дуди сигор ба шумо нохуш аст, саратон дард мекунад ё нафаскашӣ бароятон душвор аст, ҳатмӣ нест: ин манъ новобаста аз вазъи саломатии шумо амал мекунад.
"
Ронанда мехоҳад боз як мусофири дигарро савор кунад. Оё ман метавонам рад кунам?
Бале. Ҳангоми иҷрои фармоиш савор кардани мусофирони ҳамсафар танҳо бо розигии мусофироне иҷозат дода мешавад, ки аллакай дар мошин қарор доранд.
Хабарҳои монандДар Русия пешниҳод доранд, ки ҷалби дастаҷамъонаи муҳоҷирон то соли 2028 мавқуф гузошта шава
Оё тибқи қонун аз ронанда хоҳиш кардан мумкин аст, ки мусиқиро иваз кунад ё садои онро пасттар намояд?Хоҳиш кардан мумкин аст. Аммо меъёри мустақими қонунгузорие, ки ронандаи таксиро уҳдадор кунад, ки бо талаби мусофир садои мусиқиро паст ё онро хомӯш кунад, вуҷуд надорад.
Мехоҳед «Азия-Плюс"-ро дар Google бештар бинед? Моро ба манбаъҳои афзалиятнок илова кунед.
Аз ин рӯ, гуфтан мумкин нест, ки ронанда бо завқи мусиқии худ қонунро вайрон мекунад (ҳатто агар мусиқии интихобкардаи ӯ ба шумо тамоман маъқул набошад).
Дар офертаи нашршудаи Jura барои мусофирон низ муқаррароти алоҳида оид ба мусиқӣ вуҷуд надорад.
Акнун — дар бораи уҳдадориҳои мусофирМан барои сафар пул медиҳам. Магар ҳамин кофӣ нест?Не. Пардохти роҳкиро ба мусофир ҳуқуқ намедиҳад, ки ҳар гуна рафтор кунад. Моддаи 71-и Кодекси нақлиёти автомобилии Тоҷикистон мусофирро уҳдадор мекунад, ки на танҳо ҳаққи хидматрасонии пешниҳодшударо тибқи тарифи муқарраршуда пардохт намояд, балки тартиботи ҷамъиятиро низ риоя кунад.
Дар банди 38-и Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бошад, мустақиман манъ шудааст, ки мусофир диққати ронандаро аз идора кардани мошин дур кунад, дохили мошинро ифлос намояд, ба пӯшидани дарҳо халал расонад, ҳангоми ҳаракат дарҳоро кушояд ва сар, даст ё пойҳои худро аз тирезаҳо берун барорад.
"
Ба мусофир сигоркашӣ низ манъ аст: манъи истифодаи маҳсулоти тамоку дар таксӣ ба ҳамаи шахсоне дахл дорад, ки дар дохили мошин қарор доранд.

Акс аз asia+
Дар кадом ҳолатҳо маро аз мошин фаровардан ё аз интиқол доданам даст кашидан мумкин аст?Агар шумо талаботи ҳамлу нақлро вайрон кунед ё рафтори шумо ё масири пешниҳодшуда ба бехатарии ронанда таҳдид кунад. Кодекси нақлиёти автомобилии Тоҷикистон ба интиқолдиҳанда иҷозат медиҳад, ки дар чунин ҳолатҳо аз анҷом додани сафар даст кашад ё онро қатъ кунад.
Масалан, агар мусофир ба ронанда таҳдид кунад ё ба идора кардани мошин халал расонад, ронанда уҳдадор нест, ки ҳаракатро идома диҳад.
"
Интиқоли ҳайвонот бидуни мувофиқаи пешакӣ ва бе зерпӯш ё қафаси махсуси интиқол низ алоҳида зикр шудааст.
Дар баробари ин, қатъ кардани сафар уҳдадории ронандаро барои дар ҷойи бехатар фаровардани мусофир бекор намекунад.
Сарчашма: asiaplus.news
танзим мешаванд ва поёни «якчи медиҳед» чист?
Аввал — дар бораи ронандагон. Онҳо дар назди мусофирон чӣ уҳдадориҳо доранд? Ронанда аз пули ҳисобшуда бештар талаб мекунад. Оё ин мумкин аст?Тибқи барномаи «Jura», масири дақиқ ва роҳкиро тавассути фановариҳои хос ва худкор ҳисоб мешавад. Маҳз пули ҳисобшуда бояд пардохт шавад. Ронанда наметавонад худсарона нархи дигарро муайян ва талаб кунад.
Агар ронанда пули бештар талаб кунад, пурсед, ки барои чӣ. Агар ба мувофиқа нарасидед, ба танзимгари хадамоти кирокашӣ занг занед, рақами мошинро гӯед ва хоҳиш кунед, ки масъалаи арзиши роҳкироро баррасӣ кунад.
Агар ба назаратон чунин намояд, ки худи ҳисобкунак нодуруст ҳисоб мекунад ё ронанда ҳисобкунаки қалбакиро нишон медиҳад, бо даст додани имкон экрани ҳисобкунакро бо роҳкирои ҳисобшуда акс гиред. Рақами мошин, вақт ва масири сафар, маълумоти фармоиш ва пардохтро нигоҳ доред. Ҳамаи ин дар сурати шикоят кардан ба шумо лозим мешавад.
Ба куҷо метавон шикоят кард?Пеш аз ҳама, ба хадамоти дастгирии Jura муроҷиат кунед. Ин корро тавассути Telegram-боти @jura_help_bot анҷом додан мумкин аст.
Тибқи қоидаҳои Jura, ин хадамот ҳуқуқ дорад, ки барои иҷрои номатлуби фармоиш интиқолдиҳандаро аз пойгоҳи додаҳои худ хориҷ кунад. Яъне шикоят метавонад оқибат дошта бошад.
"
Агар вазъ ба муноқишаи ошкоро табдил ёбад, ронанда таҳдид кунад, шуморо аз мошин фаромадан намонад ё зӯроварӣ истифода барад, фавран ба рақами 102 занг занед. Ҷойи қарордоштаатон ва рақами мошинро хабар диҳед. Дар чунин ҳолат интизор шудан то посух додани танзимгар лозим нест.
Ронанда сигор мекашад ва дар посух ба эродҳо мегӯяд, ки ин мошини худи ӯст ва мувофиқан, қоидаҳоро низ худаш муайян мекунад. Ба ӯ чӣ ҷавоб додан лозим аст?Бояд гуфт, ки сигоркашӣ дар таксӣ тибқи қонун манъ аст. Моддаи 6-и Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» манъи сигоркаширо мустақиман ба ҳамаи навъҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла таксӣ, татбиқ мекунад. Ба кӣ тааллуқ доштани мошин аҳаммият надорад.
Аз ин рӯ, хоҳиши қатъ кардани сигоркашӣ нозу нузи мусофир нест. Шарҳ додан, ки дуди сигор ба шумо нохуш аст, саратон дард мекунад ё нафаскашӣ бароятон душвор аст, ҳатмӣ нест: ин манъ новобаста аз вазъи саломатии шумо амал мекунад.
"
«Ман дуди сигорро аз тиреза берун мекунам» низ истисно аз қонун нест. Агар ронанда сигоркаширо идома диҳад, рақами мошин, вақти сафар ва шарҳи вазъро ба хадамоти таксӣ хабар диҳед.
Ронанда мехоҳад боз як мусофири дигарро савор кунад. Оё ман метавонам рад кунам?
Бале. Ҳангоми иҷрои фармоиш савор кардани мусофирони ҳамсафар танҳо бо розигии мусофироне иҷозат дода мешавад, ки аллакай дар мошин қарор доранд.
Хабарҳои монанд
Дар Русия пешниҳод доранд, ки ҷалби дастаҷамъонаи муҳоҷирон то соли 2028 мавқуф гузошта шава
Фарқ надорад, ки ӯ шиноси ронанда аст ё мусофири тасодуфӣ, мехоҳад то истгоҳи навбатӣ равад ё аз як канори шаҳр то канори дигари он. Дар ҳар сурат, розигии шумо зарур аст.
Оё тибқи қонун аз ронанда хоҳиш кардан мумкин аст, ки мусиқиро иваз кунад ё садои онро пасттар намояд?Хоҳиш кардан мумкин аст. Аммо меъёри мустақими қонунгузорие, ки ронандаи таксиро уҳдадор кунад, ки бо талаби мусофир садои мусиқиро паст ё онро хомӯш кунад, вуҷуд надорад.
Мехоҳед «Азия-Плюс"-ро дар Google бештар бинед? Моро ба манбаъҳои афзалиятнок илова кунед.
Аз ин рӯ, гуфтан мумкин нест, ки ронанда бо завқи мусиқии худ қонунро вайрон мекунад (ҳатто агар мусиқии интихобкардаи ӯ ба шумо тамоман маъқул набошад).
Дар офертаи нашршудаи Jura барои мусофирон низ муқаррароти алоҳида оид ба мусиқӣ вуҷуд надорад.
Акнун — дар бораи уҳдадориҳои мусофирМан барои сафар пул медиҳам. Магар ҳамин кофӣ нест?Не. Пардохти роҳкиро ба мусофир ҳуқуқ намедиҳад, ки ҳар гуна рафтор кунад. Моддаи 71-и Кодекси нақлиёти автомобилии Тоҷикистон мусофирро уҳдадор мекунад, ки на танҳо ҳаққи хидматрасонии пешниҳодшударо тибқи тарифи муқарраршуда пардохт намояд, балки тартиботи ҷамъиятиро низ риоя кунад.
Дар банди 38-и Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бошад, мустақиман манъ шудааст, ки мусофир диққати ронандаро аз идора кардани мошин дур кунад, дохили мошинро ифлос намояд, ба пӯшидани дарҳо халал расонад, ҳангоми ҳаракат дарҳоро кушояд ва сар, даст ё пойҳои худро аз тирезаҳо берун барорад.
"
Оромона дар бораи масир пурсон шудан ё хоҳиш кардани шарҳи маблағи роҳкиро — амри муқаррарӣ аст. Аммо дод задан, таҳдид кардан ва ба идора кардани мошин халал расонидан — масъалаи тамоман дигар аст.
Ба мусофир сигоркашӣ низ манъ аст: манъи истифодаи маҳсулоти тамоку дар таксӣ ба ҳамаи шахсоне дахл дорад, ки дар дохили мошин қарор доранд.

Дар кадом ҳолатҳо маро аз мошин фаровардан ё аз интиқол доданам даст кашидан мумкин аст?Агар шумо талаботи ҳамлу нақлро вайрон кунед ё рафтори шумо ё масири пешниҳодшуда ба бехатарии ронанда таҳдид кунад. Кодекси нақлиёти автомобилии Тоҷикистон ба интиқолдиҳанда иҷозат медиҳад, ки дар чунин ҳолатҳо аз анҷом додани сафар даст кашад ё онро қатъ кунад.
Масалан, агар мусофир ба ронанда таҳдид кунад ё ба идора кардани мошин халал расонад, ронанда уҳдадор нест, ки ҳаракатро идома диҳад.
"
Jura дар офертаи худ асосҳои даст кашидан аз сафарро мушаххас кардааст: интизории бе мувофиқаи пешакӣ зиёда аз 20 дақиқа, дар ҳолати мастӣ аз машрубот қарор доштани мусофир, либос ё бағоче, ки метавонад мошинро ифлос кунад, бӯйҳои тезу тунд, ки бартараф кардани онҳо душвор аст.
Интиқоли ҳайвонот бидуни мувофиқаи пешакӣ ва бе зерпӯш ё қафаси махсуси интиқол низ алоҳида зикр шудааст.
Дар баробари ин, қатъ кардани сафар уҳдадории ронандаро барои дар ҷойи бехатар фаровардани мусофир бекор намекунад.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)