Дар Тоҷикистон чор корхонаи нави сементбарорӣ сохта мешавад
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон панҷ созишномаи сармоягузориро байни Ҳукумати кишвар ва ширкатҳо тасдиқ кард.Чор созишнома ба сохтмони корхонаҳои истеҳсоли семент ва дигар маводи сохтмонӣ ва яке ба рушди соҳаи алоқа марбут аст.
Тибқи созишнома бо Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати металлургии Тоҷик» дар вилояти Суғд корхонаҳои истеҳсол ва ғанигардонии семент, оҳак, бентонит ва каолин сохта ва ба истифода дода мешаванд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сементи Хуталон» дар вилояти Хатлон корхонаи истеҳсоли семент бунёд мекунад.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)