< Сокинон ба муносибати Рӯзи Конститутсия се рӯз пайиҳам истироҳат мекунанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сокинон ба муносибати Рӯзи Конститутсия се рӯз пайиҳам истироҳат мекунанд

Сокинон ба муносибати Рӯзи Конститутсия се рӯз пайиҳам истироҳат мекунанд
Ба муносибати Рӯзи Конститусияи Тоҷикистон, ки ҳамасола 6-уми ноябр таҷлил мешавад, сокинони кишвар се рӯз пайиҳам — 6, 7 ва 8 -уми ноябр истироҳат мекунанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар хабар доданд.
Яъне онҳое, ки панҷ рӯзи корӣ дар як ҳафта доранд, метавонанд аз 6 то 8-уми ноябр истироҳат кунанд ва 9-уми ноябр ба кор бароянд. Вале онҳое, ки ҳафтаи шашрӯзаи корӣ доранд, 2 рӯз истироҳат мекунанд: 6-уми норябр — Рӯзи Конститутсия ва рӯзи 8-уми ноябр — якшанбе. Рӯзи шанбеи 7-уми ноябр барои онҳо корӣ аст.

Ҳамчунин, ба муносибати Рӯзи Конститутсия, донишҷӯёни макотиби олии Тоҷикистон ҳам як рӯз истироҳат мекунанд. Аз Вазорати маориф гуфтанд, рӯзи 6-уми ноябр (ҷумъа) барои донишҷӯён дарс нест.
                                                                  
  Дар ин рӯзҳо, донишомӯзони мактабҳо, ки аз 1 то 7-уми ноябр ба таътили тирамоҳӣ мебароянд, дар истироҳат хоҳанд буд. Аз сабаби он ки рӯзи 8-уми ноябр якшанбе аст, дарс аз рӯзи 9-уми ноябр оғоз мешавад.
                                                             
Бояд гуфт, ки тибқи меъёри қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон, ки ҳамасола 6-уми ноябр таҷлил мешавад, ҳамчун рӯзи истироҳат муқаррар шудааст.

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ баргузории чорабиниҳои идонаи фарҳангӣ фароғатӣ ва илмиву таълимӣ дар назар аст. Ҳоло макон ва замони ин чорабиниҳо маълум нест.

Имсол аз қабули Конститутсия ё худ қонуни асосии Тоҷикистон, 32-сол пур мешавад. Он се сол пас аз эълони истиқлоли давлатӣ, аммо ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози гуфтушуниди сулҳ, 6-уми ноябри соли 1994 бо райъпурсии умумихалқӣ қабул шуд. 
                
Конститутсияи Тоҷикистон кишварро ҳамчун давлати иҷтимоӣ муайян кардааст, ки сиёсати он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Қонуни асосӣ кишварро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эътироф кардааст.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий