Вазъи талафоти неруи барқ дар Хатлон вазири энергетикаро нигарон кардааст
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб бо кормандони филиалҳои ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Кӯлоб ва ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар шаҳри Бохтар дидору гуфтугӯ кард.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати энергетикаи кишвар хабар додааст.Ба иттилои вазорат, зимни ҷаласа раванди татбиқи лоиҳаи «Кам намудани талаботи неру дар вилояти Хатлон» (шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар) мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Қайд карда шудааст, ки дар ҷаласа ба масъалаи коҳиш додани талафоти неруи барқ дар шабакаҳои тақсимоти барқи минтақаи Кӯлоб таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Вазир бо масъулин вВазъи талафоти техникӣ ва тиҷоратии неруи барқ, ҳолати баҳисобгирии неруи барқ, фаъолияти низоми биллингӣ, ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда ва тадбирҳои андешидашуда барои пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ баррасӣ карданд.
Сарчашма: sputnik.tj

Комментарии (0)