Қабули довталабон-2026. Теъдоди довталабон зиёд, вале талабот ба ихтисосҳои техникӣ кам шудааст
Имсол дар ду марҳилаи сабтином барои дохил шудан ба донишгоҳу донишкадаи кишвар тавассути Маркази миллии тестӣ (ММТ) 124 323 довталаб ба қайд гирифта шудаанд, ки ин ин нисбат ба соли гузашта 31 335 кас бештар аст. Дар ин бора Сабзалӣ Ҷаъфарзода, директори Маркази миллии тестӣ рӯзи 5-уми август зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, 25 131 кас баъди хатми синфи 9-ум ҳуҷҷат супоридаанд, ки нисбат ба як соли пеш 3348 нафар бештар мебошад. Шумораи сабтшудагони пас аз синфи 11-ум ва шахсони дорои таҳсилоти касбӣ 115,16%-и нақшаи қабулро ташкил дод. Дар миёни хатмкунандагони синфи 9-ум ин нишондиҳанда ба 112,02% расидааст.
Номбурда гуфт, ки ин омор ҳоло пешакӣ аст ва ҳанӯз бақайдгирии такрорӣ ва онҳое, ки тибқи идрорпулӣ (квота)-и президентӣ ба муассисаҳои олӣ дохил шудаанд, хориҷ карда нашудаааст. Аз ин рӯ, нишондиҳандаҳои ниҳоӣ метавонанд тағйир ёбанд.
Шумораи ҷойҳо дар мактабҳои олӣ зиёд шудНақшаи қабул дар донишгоду донишкадаҳо дар соли 2026 -ум 74 510 кас аст, ки ин нисбат ба соли гузашта 10 154 ҷой ё 15,78% бештар аст. Аз шумораи умумӣ 13 276 ҷой буҷетӣ (ройгон) буда, 61 234 ҷойи дигар пулакӣ мебошанд.
Ба гуфтаи Сабзалӣ Ҷаъфарзода, пас аз тақсимоти аввал, нақшаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва коллеҷҳо 67% иҷро шудааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ин нишондиҳанда 78,72%, дар коллеҷҳо (барои хатмкунандагони синфи 9) 62,76% ва дар коллеҷҳо (барои довталабони баъди синфи 11) 41,31%-ро ташкил додааст.

Сабзалӣ Ҷаъфарзода. Акс аз asia+
Директори ММТ зикр кард, ки ҳанӯз чанд марҳилаи дигари тақсимот дар пеш аст, аз ин рӯ шумораи ҷойҳо зиёд мешавад.
Ба гуфтаи роҳбари ММТ, тақрибан 99%-и довталабони ин гурӯҳҳо одатан ба ихтисосҳое дохил мешаванд, ки ҳангоми бақайдгирӣ интихоб кардаанд. Имсол барои гирифтани имтиёзҳои пешбинишуда 1329 нафар ҳуҷҷат супоридаанд, ки нисбат ба соли 2025-ум 254 нафар бештар аст.

Маркази миллии тестии Тоҷикистон. Акс аз asia+ Ба иттилои номубрад, имсол талабот ба ихтисосҳои табиатшиносӣ ва техникӣ ба таври назаррас кам аст: 72,81%-и нақша. Дар гурӯҳи «Иқтисод ва ҷуғрофия» 89,10%-и шумораи пешбинишудаи довталабон сабтином шуданд.
Ба гутаи вай, миёни хатмкунандагони синфи 9-ум вазъ то андозае фарқ мекунад. Нақшаи қабул аз рӯи самтҳои суханшиносӣ, педагогика ва санъат 146,76%, аз ихтисосҳои тиб, биология ва варзиш — 124,36% зиёд иҷро шудааст.
Дар ҳамин ҳол, нақшаи қабул дар ихтисосҳои табиатшиносӣ ва техникӣ ҳамагӣ 66,90%, иқтисод ва ҷуғрофия — 60,41%, илмҳои ҷамъиятӣ ва ҳуқуқ — 56,22% иҷро шудааст.
БА иттилои манбаъ, дар марҳилаи дуюми бақайдгирӣ суханшиносӣ, педагогика ва санъатро 1974 довталаб пас аз синфи 11, тиб, биология ва варзишро — 1950 кас интихоб карданд. Дар миёни 2526 хатмкунандаи синфи 9-ум 1610 нафар ихтисосҳои тиббиро интихоб карданд.

Донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ ҳангоми машғулият. Акс аз торнамои tajmedun.tj
Дар миёни довталабоне, ки баъди синфи 9 ҳуҷҷат супоридаанд, ба қатори муассисаҳои серталаб Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ ва коллеҷи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дохил шуданд. Дар ин рӯйхат инчунин Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ, коллеҷҳои омӯзгорӣ ва Коллеҷи муҳандисию омӯзгории Душанбе низ номбар шуданд.
Сабзалӣ Ҷаъфарзода илова кард, ки муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва коллеҷҳо бояд ба хонандагон ва волидон дар бораи ихтисосҳои худ ва имкониятҳои минбаъдаи шуғл бештар маълумот диҳанд.
Ба гуфтаи ӯ, вақти муносиб барои чунин кор моҳҳои январ ва феврал аст, вақте ки Марказ дар саросари кишвар вохӯриҳои иттилоотӣ баргузор мекунад. Ба муассисаҳои таълимӣ тавсия дод, ки дар ин чорабиниҳо иштирок кунанд ва самтҳоеро, ки ҳоло талабот ба онҳо паст аст, мустақилона таблиғ кунанд.
Сарчашма: asiaplus.news
Ба гуфтаи ӯ, 25 131 кас баъди хатми синфи 9-ум ҳуҷҷат супоридаанд, ки нисбат ба як соли пеш 3348 нафар бештар мебошад. Шумораи сабтшудагони пас аз синфи 11-ум ва шахсони дорои таҳсилоти касбӣ 115,16%-и нақшаи қабулро ташкил дод. Дар миёни хатмкунандагони синфи 9-ум ин нишондиҳанда ба 112,02% расидааст.
Номбурда гуфт, ки ин омор ҳоло пешакӣ аст ва ҳанӯз бақайдгирии такрорӣ ва онҳое, ки тибқи идрорпулӣ (квота)-и президентӣ ба муассисаҳои олӣ дохил шудаанд, хориҷ карда нашудаааст. Аз ин рӯ, нишондиҳандаҳои ниҳоӣ метавонанд тағйир ёбанд.
Шумораи ҷойҳо дар мактабҳои олӣ зиёд шудНақшаи қабул дар донишгоду донишкадаҳо дар соли 2026 -ум 74 510 кас аст, ки ин нисбат ба соли гузашта 10 154 ҷой ё 15,78% бештар аст. Аз шумораи умумӣ 13 276 ҷой буҷетӣ (ройгон) буда, 61 234 ҷойи дигар пулакӣ мебошанд.
Ба гуфтаи Сабзалӣ Ҷаъфарзода, пас аз тақсимоти аввал, нақшаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва коллеҷҳо 67% иҷро шудааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ин нишондиҳанда 78,72%, дар коллеҷҳо (барои хатмкунандагони синфи 9) 62,76% ва дар коллеҷҳо (барои довталабони баъди синфи 11) 41,31%-ро ташкил додааст.

Директори ММТ зикр кард, ки ҳанӯз чанд марҳилаи дигари тақсимот дар пеш аст, аз ин рӯ шумораи ҷойҳо зиёд мешавад.
Ба киҳо 150 балл илова мекунанд
Зимни нишасти матбуотӣ, Ҷаъфарзода ҳамчунин, дар бораи имтиёзҳо барои гурӯҳҳои алоҳидаи довталабон маълумот дод.Ба гуфтаи роҳбари ММТ, тақрибан 99%-и довталабони ин гурӯҳҳо одатан ба ихтисосҳое дохил мешаванд, ки ҳангоми бақайдгирӣ интихоб кардаанд. Имсол барои гирифтани имтиёзҳои пешбинишуда 1329 нафар ҳуҷҷат супоридаанд, ки нисбат ба соли 2025-ум 254 нафар бештар аст.
Суханшиносӣ ва тиб серталаб, вале самтҳои техникӣ камтар
Ба таъкиди роҳбари ММТ, имсол талабот барои самтҳои суханшиносӣ (филологӣ), омӯзгорӣ ва тиббӣ аз нақшаи қабул зиёд буда, ба ихтисосҳои табиатшиносӣ ва техникӣ ҳамоно довталабон камтар таваҷҷуҳ доранд.
»Дар миёни довталабоне, ки пас аз синфи 11 ҳуҷҷат супоридаанд, шумораи сабтшудагон дар гурӯҳи «Филология, педагогика ва санъат» 157,14%-и нақшаи қабулро ташкил дод. Дар гурӯҳи «Илмҳои ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ» ин нишондиҳанда ба 138,30% расида, дар самти «Тиб, биология ва варзиш» — 131,16%-ро ташкил дод», — гуфт Сабзалӣ Ҷаъфарзода.
Ба гутаи вай, миёни хатмкунандагони синфи 9-ум вазъ то андозае фарқ мекунад. Нақшаи қабул аз рӯи самтҳои суханшиносӣ, педагогика ва санъат 146,76%, аз ихтисосҳои тиб, биология ва варзиш — 124,36% зиёд иҷро шудааст.
Дар ҳамин ҳол, нақшаи қабул дар ихтисосҳои табиатшиносӣ ва техникӣ ҳамагӣ 66,90%, иқтисод ва ҷуғрофия — 60,41%, илмҳои ҷамъиятӣ ва ҳуқуқ — 56,22% иҷро шудааст.
БА иттилои манбаъ, дар марҳилаи дуюми бақайдгирӣ суханшиносӣ, педагогика ва санъатро 1974 довталаб пас аз синфи 11, тиб, биология ва варзишро — 1950 кас интихоб карданд. Дар миёни 2526 хатмкунандаи синфи 9-ум 1610 нафар ихтисосҳои тиббиро интихоб карданд.
Коллеҷҳои тиббӣ аз донишгоҳҳо пеш гузаштаанд
Дар нишасти матбуотӣ намояндагони ММТ алоҳида дар бораи талаботи баланди довталабон ба коллеҷҳои тиббӣ маълумот доданд. Ба иттилои онҳо, довталабон пас аз синфи 11 бештар Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ, коллеҷҳои тиббии Хуҷанд, Турсунзода, Кӯлоб, Ваҳдат, Ёвон ва Бохтарро интихоб кардаанд.
Дар миёни довталабоне, ки баъди синфи 9 ҳуҷҷат супоридаанд, ба қатори муассисаҳои серталаб Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ ва коллеҷи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дохил шуданд. Дар ин рӯйхат инчунин Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ, коллеҷҳои омӯзгорӣ ва Коллеҷи муҳандисию омӯзгории Душанбе низ номбар шуданд.
Таблиғи иловагӣ зарур аст
Масъулини Маркази миллии тестӣ эътироф карданд, ки ихтисосҳои табиатшиносӣ ва техникӣ ба таблиғи фаъолтар ва роҳнамоии касбии хонандагон ниёз доранд.Сабзалӣ Ҷаъфарзода илова кард, ки муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва коллеҷҳо бояд ба хонандагон ва волидон дар бораи ихтисосҳои худ ва имкониятҳои минбаъдаи шуғл бештар маълумот диҳанд.
Ба гуфтаи ӯ, вақти муносиб барои чунин кор моҳҳои январ ва феврал аст, вақте ки Марказ дар саросари кишвар вохӯриҳои иттилоотӣ баргузор мекунад. Ба муассисаҳои таълимӣ тавсия дод, ки дар ин чорабиниҳо иштирок кунанд ва самтҳоеро, ки ҳоло талабот ба онҳо паст аст, мустақилона таблиғ кунанд.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)