< Боздошти роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон бо гумони гирифтани пора ва сӯистифода аз мансаб » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Боздошти роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон бо гумони гирифтани пора ва сӯистифода аз мансаб

Боздошти роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон бо гумони гирифтани пора ва сӯистифода аз мансаб
​Олимҷон Мирмуҳамедов, роҳбари дастоҳи раиси шаҳри Бӯстон бо гумони гирифтани 90 ҳазор доллар (қариб 830 ҳазор сомонӣ) ва як хонаи истиқоматӣ ба сифати пора боздошт шуда, алайҳаш барои гирифтани пора ва сӯистифода аз мансаб парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Дар ин бораи Сафар Салимзода, сардори Раёсати ин ниҳод дар вилояти Суғд имрӯз 7-уми август, дар нишасти матбуотӣ хабар дода, гуфт, ки гумонбар ин миқдори ришваро дар ду маврид гирифтааст.
                                                                    Аз ҷумла, ба гуфтаи манбаъ, Мирмуҳамедов аз як сокини шаҳр барои мусоидат кардан ба ивази мақсади истифодаи қитъаи замини шахсиаш ва додани иҷозати сохтмон дар 0,30  ҳектар замин 50 ҳазор доллар (беш аз 460 ҳазор сомонӣ) ва як хона (120 метри мураббаъ) бо арзиши 600 ҳазор сомонӣ ҳамчун пора гирифтааст.
                                                     Ҳамчунин, Салимзода гуфт, ки Мирмуҳамедов аз як сокини дигари Бӯстон барои мусоидат ба иваз кардани таъиноти қитъаи заминаш ҷиҳати сохтмони бинои баландошёна 40 ҳазор доллар гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, мавридҳои ришвахорӣ аз моҳи ноябри соли 2025 то апрели соли 2026 сурат гирифтааст.
Мақомот алайҳи ӯ бо гумони гирифтани пора аз сӯйи шахси мансабдор (модаи 319 қисми 4-и КҶ) ва сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ (моддаи 314 кисми 1-и КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Иттиҳоми аввал аз 7 то 12 сол зиндон ва иттиҳоми дуюм аз ҷарима то 3 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Назари раиси Дастгоҳи шаҳри Бӯстон дар робита ба ин гуфтаҳои мақомот дастрас нест.
Фасод аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад ва солона даҳҳо корманди давлатӣ бо ҷурми гирифтани пора дастгир ва муҷозот мешаванд.

Дар шаш моҳи соли равон ҷиноятҳои марбут ба фасод ё «коррупсия» бештар дар ҳукуматҳои маҳаллӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ва соҳаҳои маорифу тандурустӣ ошкар шуда, даҳҳо мансабдор ва корманди давлатӣ даст ба фасод задаанд.
Ба иттилои Оҷонсии зиидфасод  дар ним сол дар ҳукуматҳои маҳалли шаҳру ноҳиҳо 118 ҷиноят аз сӯйи 183 масъул содир шудааст.

Сарчашма: asiaplus.news​

Комментарии (0)

Оставить комментарий