Оғози парвандаи ҷиноятӣ алайҳи 133 мансабдор барои харидуфурӯш ва тақсими ғайриқонунии замин
Додситонии кули Тоҷикистон дар ним сол барои қоидавайронкунӣ дар бахши замин, аз ҷумла тақсими ғайриқонунии замин ва худсарона ишғол кардани он нисбати 133 мансабдор парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.
Дар ин бора Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кул рӯзи 22-юми июл зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, вале нагуфт, ки нисбати онҳо чӣ ҷазо таъин гардид.
Ӯ афзуд, қабули қарорҳои ғайриқонунӣ аз сӯйи раисони шаҳру ноҳияҳо барои тақсими замин ва худсарона ишғол кардани қитъаи замин то ҳол таассуфовар аст.

Ҳабибулло Воҳидзода. Акс аз asia+
Додситони кул аз мансабдороне, ки алайҳашон барои тақсими ғайриқонунии замин паврндаи ҷиноятӣ боз шудааст, чунин ном бурд:

Ориф Хоҷазода. Акс аз asia+
Ориф Хоҷазода, раҳбари ин ниҳод рӯзи 17-уми июл гуфт, ки аз рӯйи 6 ҳазору 943 далел парвандаҳои маъмурӣ боз шуда, нисбати қонуншиканон 4 млн 247 ҳазору 125 сомонӣ ҷарима таъин шудааст. Ӯ нагуфт, ки дар доираи ин парвандаҳо чанд касро муҷозот кардаанд, вале иброз дошт, ки то ин муддат беш аз 3,5 млн сомонӣ ҷаримаи таъиншуда пардохт шудааст.
Хоҷазода зикр кард, ки ғайр аз ин, 228 мавод ҷиҳати баҳодиҳии ҳуқуқӣ ба Хадамоти иҷро ва 64 мавод ба мақомоти додситонӣ фиристода шудааст.
»Дар натиҷаи андешидани чораҳои мушаххас 4 ҳазору 945 ё ин ки 65%-и ҳолатҳои қонунвайронкунӣ сари вақт бартараф карда шуд», — таъкид кард Хоҷазода.
Раиси Кумитаи идораи замин иброз дошт, ки назорат болои сохтмонҳои ғайриқонунӣ ва истифодаи заминҳои кишоварзӣ ва саноатӣ пурзӯр карда шудаанд.
Ориф Хоҷазода Раиси Кумитаи идораи замин
Бояд гуфт, ки масъалаи фурӯши қитъаҳои замин дар Тоҷикистон яке аз мушкили доғ дар кишвар аст ва раисҷумҳури Тоҷикистон низ чанд маротиба дар ин хусус изҳори назар карда буд.
Тибқи маълумоти Кумитаи идораи замин соли 2025-ум, 13 ҳазору 420 ҳолати қонуншиканиҳо дар истифодаи замин ошкор шудааст. Дар пайи ин 12 ҳазору 218 таъинот содир шуда, аз рӯи 11 ҳазору 677 далел парвандаҳои маъмурӣ оғоз ва нисбати қонуншиканон зиёда аз 7 млн сомонӣ ҷарима таъин шудааст.
Сарчашма: asiaplus.news
Дар ин бора Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кул рӯзи 22-юми июл зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, вале нагуфт, ки нисбати онҳо чӣ ҷазо таъин гардид.
Ӯ афзуд, қабули қарорҳои ғайриқонунӣ аз сӯйи раисони шаҳру ноҳияҳо барои тақсими замин ва худсарона ишғол кардани қитъаи замин то ҳол таассуфовар аст.

Додситони кул аз мансабдороне, ки алайҳашон барои тақсими ғайриқонунии замин паврндаи ҷиноятӣ боз шудааст, чунин ном бурд:
- 14 корманди ҳукуматҳои маҳаллӣ, аз ин 7 муовини раиси шаҳру навоҳӣ;
- 29 корманди ҷамоати шаҳраку деҳот;
- 52 корманди Кумитаи идораи замин;
- 31 роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корманди бойгонӣ;
- 7 меъмор.
Беш аз 7,5 ҳазор мавриди вайрон кардани қонунгузории вобаст ба замин дар 6 моҳ
Тибқи иттилои Кумитаи идораи замин, тайи шаш моҳи гузашта 7 ҳазору 661 ҳолати вайрон кардани қонунгузории вобаст ба замин ошкор шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли пеш 132 ҳолат зиёд мебошад.
Ориф Хоҷазода, раҳбари ин ниҳод рӯзи 17-уми июл гуфт, ки аз рӯйи 6 ҳазору 943 далел парвандаҳои маъмурӣ боз шуда, нисбати қонуншиканон 4 млн 247 ҳазору 125 сомонӣ ҷарима таъин шудааст. Ӯ нагуфт, ки дар доираи ин парвандаҳо чанд касро муҷозот кардаанд, вале иброз дошт, ки то ин муддат беш аз 3,5 млн сомонӣ ҷаримаи таъиншуда пардохт шудааст.
Хоҷазода зикр кард, ки ғайр аз ин, 228 мавод ҷиҳати баҳодиҳии ҳуқуқӣ ба Хадамоти иҷро ва 64 мавод ба мақомоти додситонӣ фиристода шудааст.
»Дар натиҷаи андешидани чораҳои мушаххас 4 ҳазору 945 ё ин ки 65%-и ҳолатҳои қонунвайронкунӣ сари вақт бартараф карда шуд», — таъкид кард Хоҷазода.
Раиси Кумитаи идораи замин иброз дошт, ки назорат болои сохтмонҳои ғайриқонунӣ ва истифодаи заминҳои кишоварзӣ ва саноатӣ пурзӯр карда шудаанд.
»Ҷойи гурез нест. 10, 20, 30 сол мегузарад, лекин ғайриқонунӣ рӯйи об мебарояд. Даркор шавад (қарор) бекор мешавад. Барои ҳамин (касоне, ки) дар сохтмонҳои ғайриқонунӣ маблағи худашонро сарф мекунанд, беҳуда аст. Мехоҳем-намехоҳем мо бояд онро бартараф кунем, новобаста аз он ки чанд сол шудагӣ бошад»,-таъкид кард номбурда.
Бояд гуфт, ки масъалаи фурӯши қитъаҳои замин дар Тоҷикистон яке аз мушкили доғ дар кишвар аст ва раисҷумҳури Тоҷикистон низ чанд маротиба дар ин хусус изҳори назар карда буд.
Тибқи маълумоти Кумитаи идораи замин соли 2025-ум, 13 ҳазору 420 ҳолати қонуншиканиҳо дар истифодаи замин ошкор шудааст. Дар пайи ин 12 ҳазору 218 таъинот содир шуда, аз рӯи 11 ҳазору 677 далел парвандаҳои маъмурӣ оғоз ва нисбати қонуншиканон зиёда аз 7 млн сомонӣ ҷарима таъин шудааст.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)