< Додситонӣ боз шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати муовини пешини раиси Кӯлоб ва собиқ роҳбари Идораи заминро тасдиқ кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Додситонӣ боз шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати муовини пешини раиси Кӯлоб ва собиқ роҳбари Идораи заминро тасдиқ кард

Додситонӣ боз шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати муовини пешини раиси Кӯлоб ва собиқ роҳбари Идораи заминро тасдиқ кард
Додситонии шаҳри Кӯлоб нисбати Алишер Бобоҷонзода, муовини пешини раиси шаҳри Кӯлоб ва Нуриддин Шеравган, собиқ раиси Идораи замини ин шаҳр барои сохтакории хидматӣ ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Дар ин бора Мансур Ғанизода, додситони шаҳр рӯзи 24-уми июл зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Номбурда гуфт, дар доираи санҷиши молиявӣ, ҳамзамон, нисбати як сокини дигари шаҳри Кӯлоб парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст, вале аз ӯ ном набурд.
                                                                    
Ба иттилои Ғанизода, нисбати ҳар сеи онҳо, барои сохтакории хидматӣ (323) ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин (моддаи 338 иловаи 1) се парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.
                                                              
Қаблан, Радиои Озодӣ бо такя ба манбаъҳои худ хабар дода буд, ки Алишер Бобоҷонзода рӯзи 23-юми феврал дастгир шудаааст. Ӯ муовини раиси Кӯлоб дар умури сохтмон ва замин буд. Маълум нест, ки Нуриддини Шеравган низ дар боздошт аст ё не.

Санҷиши моляивӣ дар ҳукумати Кӯлоб дар моҳҳои апрел ва майи соли равон гузаронида шуда, тибқи иттилои Оҷонсии зиддифасоди кишвар, дар пайи он, то ҳол алайҳи 39 кас парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, ки дар байни онҳо кормандони собиқи ҳукумати ин шаҳр ҳам ҳастанд.



Ба иттилои ин ниҳод, бар зидди ин афрод асосан, бо иттиҳоми азхудкунӣ ё исрофкорӣ ва сохтакории хидматӣ (моддаҳои 245 ва 323-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Фирӯз Камолзода, муовини раиси Оҷонсӣ рӯзи 22-юми июл гуфт, дар доираи ин парвандаҳо, аз ҷумла Бахтиёр Назарзода, раиси пешини шаҳри Кӯлоб низ бозпурсӣ шудааст.
                                    "                                          
»Дар робита ба камбудиҳои ошкоршуда ва роҳ додан ба азхудкунӣ ё тасарруфи маблағҳои буҷетӣ дар 11 ҳолат 11 парвандаи ҷиноӣ нисбати 39 кас боз шудааст. Тафтиш идома дорад…»,-гуфт Камолзода. 
                                        
Пештар, Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки дар ҷараёни тафтиши ин қазия, ба ғайр аз Алишер Бобоҷонзода ва Нуридини Шеравган, ҳамчунин, Ҳабибулло Раҳимзода, сардори собиқи Раёсати молия ва Рамазон Бобоев, раиси собиқи Боғи Исмоили Сомонӣ низ боздошт шудаанд.

Назари Бахтиёр Назарзода ва боздоштшудаҳо дар робита ба ин қазия то кунун ба расонаҳо маълум нест.


Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий