Дар Душанбе 7 масҷид тахриб ва дигарбора сохта мешавад
Дар шаҳри Душанбе 7 масҷид тахриб ва дар ҷояш дигарбора масҷиди нав сохта мешавад. Масъулини Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим таъкид мекунанд, ки ин раванд барои таҷдид ва мутобиқсозии масоҷид ба меъморӣ ва талаботи муосири шаҳрдорӣ роҳандозӣ шудааст.
Фаррухулло Олимзода, муовини раиси Кумитаи дин рӯзи 10-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи рӯзноманигори «Азия-Плюс» гуфт, ки бино ба маълумоти расмие, ки дар ихтиёр дорад, дар пойтахт аллакай навсозӣ ва аз нав бунёд кардани масҷидҳои ҷомеъ ҷараён дорад.
Олимзода аз ҷумла масҷидҳои зеринро номбар кард, ки ба ин нақшаи таҷдиду бозсозӣ фаро гирифта шудаанд:
«Шаҳри Душанбе рӯз то рӯз обод шуда, биноҳои нав сохта мешаванд, аз ин рӯ заминае барои нигаронӣ вуҷуд надорад. Ҳамаи ин масҷидҳо тибқи қоидаҳои меъмории шаҳрсозӣ дар фурсатҳои наздик аз нав бунёд ва таҷдид шуда, дар ҷойҳои муносиб ва бо шароити беҳтар ба истифода дода мешаванд», — гуфт Фаррухулло Олимзода.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар саросари кишвар, тибқи омори Кумитаи дин, 3 ҳазору 988 масҷид фаъолият мекунад. Аз ин теъдод:
Сарчашма: asiaplus.news

- Масҷиди ҷомеи ба номи Умари Форуқ дар ноҳияи Фирдавсӣ;
- Масҷиди ҷомеи ба номи Имом Бухорӣ дар ноҳияи Шоҳмансур;
- Масҷиди ҷомеъ дар кӯчаи Мирзо Ризо дар ноҳияи Шоҳмансур;
- Масҷиди ҷомеи маҳаллаи Паймон дар ноҳияи Сино.
«Шаҳри Душанбе рӯз то рӯз обод шуда, биноҳои нав сохта мешаванд, аз ин рӯ заминае барои нигаронӣ вуҷуд надорад. Ҳамаи ин масҷидҳо тибқи қоидаҳои меъмории шаҳрсозӣ дар фурсатҳои наздик аз нав бунёд ва таҷдид шуда, дар ҷойҳои муносиб ва бо шароити беҳтар ба истифода дода мешаванд», — гуфт Фаррухулло Олимзода.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар саросари кишвар, тибқи омори Кумитаи дин, 3 ҳазору 988 масҷид фаъолият мекунад. Аз ин теъдод:
- 48 масҷиди ҷомеи марказӣ;
- 328 масҷиди ҷомеъ;
- 3612 масҷиди панҷвақта.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)