< Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Дастнависҳо – мероси фарҳангии миллат» ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ доир шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Дастнависҳо – мероси фарҳангии миллат» ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ доир шуд

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Дастнависҳо – мероси фарҳангии миллат» ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ доир шуд
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин Китобхонаи миллӣ хабар доданд, ҳамоиш бо мақсади муаррифӣ, ҳифз ва омӯзиши мероси гаронбаҳои хаттии тоҷикон гузаронида шуд. Дар он масъалаҳои омӯзиш, ҳифз, тавсиф ва муаррифии дастнависҳои таърихӣ ҳамчун ҷузъи муҳими мероси фарҳангии миллат баррасӣ гардид.

Иброз шуд, ки саҳми нусхаҳои хаттӣ дар рушди соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла адабиёт, фарҳанг, риёзиёт, нуҷум, тиб, фалсафа, дин ва давлатдорӣ назаррас мебошад. Маҳз тавассути ҳамин мероси хаттӣ осори гаронбаҳои олимон, донишмандон ва адибони гузашта то ба имрӯз ҳифз гардида, дастраси муҳаққиқон ва пажуҳишгарон шудааст.

«Нусхаҳои хаттӣ аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ буда, барои шинохти воқеии таърих, фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик аҳамияти бузург доранд ва дар рушди тамаддуни башарӣ нақши муассир мегузоранд»,– таъкид намуданд иштирокчиёни ҳамоиш.

Иттилоъ дода шуд, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҷамъоварӣ, таҳқиқ, ҳифз ва тарғиби нусхаҳои хаттӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст. Аз ҷумла, моҳи майи соли 1933 Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии назди Комиссариати халқии маорифи Тоҷикистон аввалин маҷмуаи дастхатҳои нодирро ба Китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ интиқол дод.

Соли 1934 дар китобхона шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир таъсис ёфт, ки имрӯз яке аз махзанҳои асосии нусхаҳои хаттии мамлакат маҳсуб меёбад. Самтҳои асосии фаъолияти шуъба ҷамъоварӣ, таҳқиқ, коркард, ҳифз ва нигоҳдории нусхаҳои хаттӣ ва китобҳои чопи сангӣ буда, кормандони он дар таҳияи феҳристҳои илмии дастнависҳо низ саҳми арзишманд гузоштаанд.


Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий