< Садамаи пурқурбонӣ дар Ваҳдат. 11 кас ҷон бохта, 4 тани дигар захмӣ шудаанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Садамаи пурқурбонӣ дар Ваҳдат. 11 кас ҷон бохта, 4 тани дигар захмӣ шудаанд

Садамаи пурқурбонӣ дар Ваҳдат. 11 кас ҷон бохта, 4 тани дигар захмӣ шудаанд
Дар пайи як садама дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат 11 кас ҷон бохта 4 тани дигар захмӣ шудаанд. Вазъи саломатии як тан аз захмиён вазнин арзёбӣ мешавад.

Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки ҳодиса соати 6:30–и имрӯз, 2-юми июл дар шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ, дар ҳудуди деҳаи Элоки шаҳри Ваҳдат, дар пайи аз кор мондани дастгоҳи боздорандаи мошини тамғаи «Дулан» ва бархӯрди он ба ду мошини дигар рух додааст.

Ин ниҳод аз ронандаи «Дулан» Фирдавс Абдуллоев, сокини ноҳияи Ёвон ном бурда, гуфтааст, ки «бо сабаби аз кор баромадани системаи манъкунандаи воситаи нақлиёт, он ба мошини тамғаи „Опел Зефира“ ва „Тойота Прадо“ бархӯрдааст».

ВКД гуфтааст, ки дар пайи ин 11 кас, аз ҷумла Фирдавс Абдуллоев, ронандаи «Дулан» ва Оқил Палавонов, ронандаи 49-солаи мошини «Тойота Прадо» ва 9 мусофири дохили мошинҳо дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтаанд.

Ба қавли ин ниҳод, дар ҷойи ҳодиса вазири корҳои дохилӣ, сардори Раёсати БДА, додситони шаҳри Ваҳдат қарор доранд ва сабаби рух додани садамаро таҳқиқ мекунанд.

Як манбаъ аз Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат ба «Азия-Плюс» гуфт, ки дар пайи ин ҳодиса ҳамчунин, 4 тани дигар захмӣ шуда, дар ин беморхона бистарӣ шудаанд. Манбаъ гуфт, «вазъи саломатии як тани онҳо вазнин арзёбӣ мешавад ва табибон кӯшиш наҷоти ӯро доранд».

Навори ин ҳодиса нахуст ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва таваҷҷуҳи корбаронро ҷалб кард. Назари пайвандони ҷонбохтагон ва захмиён ба расонаҳо дастрас нест. 
Бояд гуфт, ҳафтаи гузашта дар сонеҳаи нақлиётӣ дар роҳи Душанбе — Ваҳдат 4 мошин ба ҳам бархурда, дар натиҷа як кас ҷон бохта, дастикам 10 кас ҷароҳат бардошта буданд.

Сабаби рух додани ин садама маълум нест. Маъмулан мақомот, «суръати баланд ва аз уҳдаи идораи мошин набуромадан"- ро сабаби сонеҳаҳои нақлиётӣ мегӯянд. Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта дар кишвар 1 ҳазору 373 садамаи нақлиётӣ сабт шуда, дар пайи он, 643 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ҳамчунин, дар ин ҳодисаҳо 1 ҳазору 542 тан ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий