< Байни Тоҷикистон ва Амрико машваратҳои сиёсӣ баргузор шуданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Байни Тоҷикистон ва Амрико машваратҳои сиёсӣ баргузор шуданд

Байни Тоҷикистон ва Амрико машваратҳои сиёсӣ баргузор шуданд
​Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд, зимни машваратҳо ҷонибҳо раванди рушди муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи шарикии Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳида дар заминаи эҳтиром ва ҳамкории дарозмуддати мутақобилан судманд таъкид намуданд.

Дар рафти машваратҳо ҷонибҳо доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории фаромарзӣ мубодилаи афкор анҷом дода, аҳамияти ҳамоҳангсозии минбаъдаи фаъолият дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ барои таҳкими сулҳу субот ва рушди устувори Осиёи Марказиро таъкид карданд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи сиёсӣ ва татбиқи пайгиронаи тавофуқҳои ҳосилшуда изҳор намуданд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий