Дар Тоҷикистон наздик ба 50 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд
Тавре аз Вазорати кишоварзӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар Тоҷикистон кишти такрорӣ асосан аз моҳи июн то моҳи август гузаронида мешавад. Он баъди ҷамъоварии ҳосили зироати барвақтӣ анҷом ёфта, имконият медиҳад, ки аз як қитъаи замин дар як сол ду ё се ҳосил гирифта шавад. Ҳадафи он баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ мебошад.
Дар шароити имрӯза истифодаи самараноки замин аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Кишти такрорӣ яке аз роҳҳои муҳими баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ мебошад. Бо истифодаи дурусти ин усул метавон аз як қитъаи замин дар як сол ду ва ё зиёда ҳосил ба даст овард. Ин усул имкон медиҳад, ки ҳосилнокӣ зиёд гардида, даромади хоҷагиҳо афзоиш ёбад.
Ҳамзамон барои самаранок истифода намудани заминҳои корами обӣ ва гирифтани ду–се ҳосил мувофиқи нақшаи кишти зироати кишоварзӣ, соли 2026 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ гузаронидани кишти такрорӣ дар масоҳати 186100 гектар пешбинӣ гардид. Аз он ғалладонагиҳо 111 725 гектар, зироати техникӣ 3730 гектар, картошка 1550 гектар, сабзавот 24 430 гектар, полизӣ 7325 гектар ва зироати хӯроки чорво 37 340 гектар мебошад.
Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тағйирёбии иқлим ва хушксолӣ иброз доштанд, «мо бояд барои пешгирӣ кардани оқибатҳои манфии онҳо ҳаматарафа омода бошем. Мо бояд барои ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар мамлакат тамоми тадбирҳои заруриро андешида, ҷиҳати кам кардани вобастагии бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ аз ҳамаи имконияту захираҳои мавҷуда пурра ва самаранок истифода намоем».
Сарвари давлат дастуру супориш доданд, ки сохтору мақомоти дахлдор, соҳибкорону роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кулли шаҳрвандони мамлакат вазифадоранд, ки истифодаи самараноку сарфакоронаи обу замин, хусусан, заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, васеъ ва ҳатман анҷом додани кишти такрориро таъмин намоянд.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)