< Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45-и ноҳияи Ёвон бинои иловагӣ сохта мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45-и ноҳияи Ёвон бинои иловагӣ сохта мешавад

Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45-и ноҳияи Ёвон бинои иловагӣ сохта мешавад
​Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар медиҳад, бинои нави иловагӣ аз ду ошёна иборат буда, барои фарогирии бештари хонандагон ва баланд бардоштани сифати таҳсил мусоидат  хоҳад намуд.

Зимни оғози корҳои сохтмонӣ раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода иброз дошт, ки рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити муосири таълиму тарбия, бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии насли наврас тадбирҳои муассир амалӣ шуда истодаанд.

Раиси ноҳия ҳамчунин саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпешаро дар ободонии диёр ва дастгирии соҳаи маориф шоистаи таҳсин арзёбӣ намуда, чунин иқдомҳоро намунаи масъулияти баланди иҷтимоӣ номид.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки бинои таълимӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида бо сифати баланд сохта шуда, ба истифода дода мешавад.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий