Рӯбарӯ бо ду чолиш. Ҳушдор аз маҳви ҷангал дар минтақаи Кӯлоб
Дарахтбурӣ аз сӯйи сокинон ва тағйирёбии иқлим — ду чолише, ки имрӯз дар рӯ ба рӯи ҷангалҳои минтақаи Кӯлоб қарор гирифтаву ташвишбарангез шудааст. Сокинон мегӯянд, эҳтиёҷ онҳоро ба ин кор водор кардааст. Масъулин мегӯянд, бо дарахтбурии сокинон мубориза мебаранд ва дар ин самт тавонистанд вазъро беҳбуд бахшанд, аммо бо тағйирёбии иқлим ба танҳоӣ мубориза бурдан душвор аст.
Мо аз ҷангалҳои чанд шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб боздид кардем ва аз дарахтбуриҳо суратгузориш таҳия намудем, ки бозгӯйи мушкил аст.

Кӣ дарахтҳоро мебурад?Ба гуфтаи масъулини нигоҳубини ҷангал, дарахтонро асосан сокинони гирду атрофи ҷангал мебуранд ва барои эҳтиёҷи рӯзгори худ истифода мекунанд.Муҳаммадҷон Баротов, корманди муассисаи давлатии Хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон гуфт, дар се моҳи аввали соли 2026 дар вилояти Хатлон 162 ҳолати ғайриқонунӣ буридани дарахтони ҷангал ошкор шуд ва барои ин шахсони қонуншикан 86 ҳазору 713 сомонӣ ҷарима шуданд.Ба гуфтаи Баротов, солҳои пеш, то замони пурзӯр шудани муҷозот барои ғайриқонунӣ буридани дарахтон, ҳолатҳои зиёди дарахтбурӣ сабт мешуд, аммо пас аз соли 2018, вақте муҷозот як барорбар афзуд, чунин ҳолат камтар ба назар мерасад. " «Пештар тибқи моддаи 183-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои чунин қонунвайронкунӣ аз 5 то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ мешуд. Ҳоло ҷарима аз 10 то 20 нишондиҳанда афзудааст. Ҳамчунин, дар сурати давоми як сол такроран содир шудани чунин қоидавайронкунӣ, ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст». Муҳаммадҷон Баротов корманди муассисаи давлатии Хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон
Чаро дарахтҳоро мебуранд?Чанде аз сокинони маҳаллӣ, ки нахостанд номашон ошкор шавад, сабаби буридани дарахтҳои ҷангалро ба эҳтиёҷоти рӯзгор рабт доданд.
»Зимистонҳои мо дарозанд. Аз ин рӯ, на танҳо барои гарм кардани хона, балки барои пухтани хӯрок ва ҷӯшонидани чой ҳам ҳезум истифода мекунем. Аз ҳамин сабаб, баъзе сокинон маҷбур мешаванд ҳезум захира кунанд. Дарахт ягона маводи сӯхти дастрас барои сокинони минтақа аст», — гуфт яке аз сокинони назди ҷангалзор.
Як сокини дигари ин минтақа мегӯяд, дар тобистону баҳору тирамоҳ ҳам ҳезум зарур аст ва ягона сабаби буридани дарахтҳои ҷангал, маҳз эҳтиёҷ ба маводи сӯхт мебошад.
Муҳаммадҷон Баротов гуфт, аз вазъ хабар доранд ва барои ҳалли он «кормандони соҳа пайваста назди сокинони деҳаҳои кӯҳистон рафта, мефаҳмонанд, ки аз ғайриқонунӣ буридани дарахтон худдорӣ кунанд».
»Баъди пурзӯр шудани муҷозот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳолатҳои ғайриқонунӣ буридани дарахтҳои ҷангал кам шуд. Аммо мо корро дар ин самт идома медиҳем, то он пурра қатъ шавад», — гуфт Баротов.
Боди «афғонӣ"Чолиши дигар барои ҷангалҳои вилояти Хатлон, тағйирёбии иқлим ва бештар шудани гарду ғубор ва ё ба қавли маъруф «боди афғонӣ» аст.
Қувваталӣ Назиров, корманди дигари муассисаи давлатии Хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон гуфт, «солҳои охир боди маъруф ба «афғонӣ» ба хушкшавии дарахтон, бахусус дарахтони писта, таъсири манфӣ мерасонад. Шамоли сахт хокборишро ба вуҷуд меорад ва гарду ғубори зиёд барои ниҳолҳои писта хатарнок аст. Вақте ҳаво ҳафтаҳо ғуборолуд аст, ҳатто дарахтони пистаи 50 то 100-сола низ хушк мешаванд», — гуфт Назиров.
Дар муассисаи давлатии Хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон гуфтанд, барои муқовимат бо дарахтбурӣ дар минтақаи Кӯлоб ҳар сол дар садҳо гектар заминҳои нав ҷангалзор бунёд мекунанд.
»Танҳо соли 2025 дар майдони 556 гектару 70 сотих ҷангалзори нав бунёд кардем. Барои пурра кардани зичии ниҳолҳо дар 626 гектар дарахтони навниҳоли гуногуни сояафкану мевадиҳанда шинонидем. Ҳамзамон, дар майдони 918 гектар корҳои барқарорсозии ҷангал анҷом додем», — гуфтанд аз ин ниҳод.
Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)