< Дар шаҳри Хуҷанд мавсими нави оббозӣ дар шиногоҳи соҳили дарёи Сир оғоз гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар шаҳри Хуҷанд мавсими нави оббозӣ дар шиногоҳи соҳили дарёи Сир оғоз гардид

Дар шаҳри Хуҷанд мавсими нави оббозӣ дар шиногоҳи соҳили дарёи Сир оғоз гардид
​Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, бо фаро расидани мавсими тобистон ва гарм шудани ҳаво сокинон бештар аз мавзеъҳои истироҳатӣ ва шиногоҳҳо истифода менамоянд. Дар ин замина, барои таъмини истироҳати шоистаи шаҳрвандон дар соҳили дарёи Сир дар шаҳри Хуҷанд шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, масъалаи амнияти шаҳрвандон дар мавсими оббозӣ таҳти назорати доимӣ қарор дорад.

Раиси вилоят нахуст аз бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр дидан намуда, барои таъмини кумаки саривақтӣ ба шаҳрвандон, махсусан ба шахсони камтаҷриба дар оббозӣ дастур дод.
Инчунин ин бахш бо техника ва таҷҳизоти муосири наҷотдиҳӣ, аз ҷумла заврақҳои моторӣ ва резинӣ, гидросикл, киштиҳои патрулӣ, мошинҳои махсуси наҷотдиҳӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ таъмин мебошад. Ҳамарӯза 10 нафар наҷотдиҳандаи ботаҷриба тибқи ҷадвал дар ҳолати навбатдорӣ қарор доранд.

Иброз гардид, ки шиногоҳ бо назардошти меъёрҳои муосир ташкил гардида, барои фароғати сокинон ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ пешбинӣ шудааст.

Дар он шароити мусоид, аз ҷумла ҳавзҳои сунъӣ барои кӯдакон, майдонҳои варзишӣ, аз қабили волейбол ва тенниси рӯи миз,  гӯшаҳои фароғатӣ муҳайё гардидааст.

Ҳамчунин дар ҳудуди шиногоҳ соябонҳо, ҳуҷраҳои ивази либос ва дигар инфрасохтори зарурӣ барои истироҳати бо фароғати шаҳрвандон омода карда гардааст.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий