< Ҳайати тими миллии Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона муқобили мунтахаби Ҳиндустон маълум шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҳайати тими миллии Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона муқобили мунтахаби Ҳиндустон маълум шуд

Ҳайати тими миллии Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона муқобили мунтахаби Ҳиндустон маълум шуд
​​Игор Ангеловский ба рақобатҳои дарпешистода 26 бозигарро даъват намудааст — 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар. Ҷамъомади таълимиву тамринии даста рӯзи 30 май оғоз мешавад.

Ба далели ҷароҳат дарвозабон Олег Баклов, ҳимоятгар Манучеҳр Сафаров, нимҳимоятгар Амадонӣ Камолов ва ҳамлагар Рустам Соиров дар бозиҳои дӯстонаи дарпешистода муқобили Ҳиндустон иштирок намекунанд.

Ҳайати тими миллии Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона муқобили Ҳиндустон

 Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Ростов», Россия), Муҳриддин Ҳасанов («Истиқлол»), Далер Азизов («Ҳосилот»);

Дифоъгарон: Зоир Ҷурабоев («Суғдиёна», Ӯзбекистон), Ваҳдат Ҳанонов («Сипоҳон», Эрон), Раҳматшо Раҳматзода («ПСИМ Йогикарта», Индонезия), Аҳтам Назаров («Вахш»), Табрез Исломов, Алиҷон Кароматуллозода, Содиқҷон Қурбонов (ҳама — «Истиқлол»), Меҳрубон Каримов («Равшан»), Фурқон Раҳимзода («Ҳосилот»), Абдулло Шарипов («Регар-ТадАЗ»);

 Ниммуҳофизатгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе, Шервонӣ Мабатшоев (ҳарду — «Теренгану», Малайзия), Алишер Шукуров («Қизилкум», Ӯзбекистон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳама — «Истиқлол»), Салоҳиддин Иргашев («Ҳосилот»), Ҷамшед Мақсумов («Равшан»);

Ҳамлагарон: Шаором Самиев («Ал-Қарма», Ироқ), Шериддин Бобоев («ПСМ Макассар», Индонезия), Далер Шарипов («Истиқлол»), Фаридун Давлатов («Регар-ТадАЗ»).

Сармураббӣ — Игор Ангеловский (Македонияи Шимолӣ).


Сарчашма: varzishtv.tj​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий