< Доир ба фазои бехатар ва масъулияти блогерон чорабинӣ баргузор гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Доир ба фазои бехатар ва масъулияти блогерон чорабинӣ баргузор гардид

Доир ба фазои бехатар ва масъулияти блогерон чорабинӣ баргузор гардид
​Бинобар иттилои маркази матбуоти Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар чорабинӣ таъкид гардид, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо, масъалаи таъмини фазои иттилоотии бехатар, пешгирии паҳншавии иттилооти бардурӯғ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар муҳити интернетӣ аҳамияти муҳим касб намудааст.

«Зикр гардид, ки блогерон ва фаъолони фазои интернетӣ имрӯз дар ташаккули афкори ҷомеа, баланд бардоштани маърифати рақамии шаҳрвандон ва паҳн намудани иттилооти зарурӣ нақши таъсиргузор доранд. Аз ин рӯ, фаъолияти онҳо бояд бо дарки масъулияти баланди иҷтимоӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ ва эҳтиром ба манфиатҳои ҷомеа ва давлат амалӣ карда шавад», — афзудааст манбаъ.

Иттилоъ дода мешавад, ки дар вохӯрӣ намояндагони мақомоти дахлдор вобаста ба масъалаи пешгирии ҷиноятҳои муосири интернетӣ, аз ҷумла паҳншавии иттилооти бардурӯғ, қаллобӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо, тарғиби ғояҳои терроризму экстремизм, савдои одамон ва дигар таҳдидҳои муосир дар фазои интернетӣ суханронӣ намуданд.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий