Нафақаи беш аз 14 ҳазор кас муваққатан қатъ шудааст. Оҷонсӣ мегӯяд, пас аз бақайдгирӣ нафақа пардохт мешавад
Пардохти нафақаи беш аз 14 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон муваққатан қатъ шудааст. Аз Оҷонсии бимаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар сабаби онро ба шиносоӣ нашудани шахсияти нафақагирон рабт дода, гуфтанд, ки танҳо пас аз гузаштани нафақагир аз бақайдгирӣ пардохти нафақаи онҳо азсар гирифта мешавад. Ҳуқуқшинос мегӯяд, ин раванд бояд тарзе ба роҳ монда шавад, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандон нақз нашавад ва роҳҳои алтернативии шиносоӣ вуҷуд дошта бошад.
Ёдовар мешавем, ки аз нимаи дуюми моҳи ноябр дар кишвар азнавбақайдгирӣ ё шинохти чеҳраи нафақагирон шуруъ шуд ва бояд то охири моҳи март ба анҷом мерасид.
Бақайдгирии маълумот ва чеҳраи нафақахӯрон (Face ID) тариқи телефон сурат мегирад ва аксу иттилои онҳо дар барномаи алоҳида ҷой дода мешавад. Барои ин нафақахӯронро зарур аст, ки бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи худ ба шуъбаҳои Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа муроҷиат кунанд.Аз Оҷонсии нафақа ба «Азия-Плюс» 1-уми май хабар доданд, ки аз теъдоди умуми нафақагирон 14 ҳазору 22 нафар аз бақайдгирӣ нагузаштанд ва интиқоли нафақа ба корти онҳо муваққатан қатъ шудааст. Вале ин ниҳод ба мактуби «Азия-Плюс» мушаххас посух надодааст, ки нафақаи ин теъдод кай қатъ шудааст ва оё онҳо дар Тоҷикистон ҳастанд ё берун аз кишвар қарор доранд.

Як манбаи мо аз ин ниҳод гуфт, нафақагироне, ки пардохти нафақаашон қатъ шудааст, ҳам дар дохил ва ҳам берун аз кишвар ҳастанд.
»Шахсони ваколатдори нафақагир (бо доштани ваколатномаи амалкунанда) ба ҷойи нафақагири дар хориҷ буда, наметавонанд азнавбақайдгирии шинохти чеҳра гузаранд, ҳузури нафақагир ҳатмӣ мебошад», — омадааст дар посухи ин ниҳод.
Вале Хуршед Қурбоншоев, ҳуқушиноси тоҷик мегӯяд, «мувофиқи моддаи 39 Қонуни асосии Тоҷикистон, ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ ба ҳар як шаҳрванд кафолат дода мешавад. Ҳамзамон, моддаи 99 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони гирифтани нафақаро тавассути ваколатнома пешбинӣ мекунад ва меъёрҳои Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон низ уҳдадор месозанд, ки ваколати намоянда эътироф карда шавад».
Ба гуфтаи ӯ, давлат ҳақ дорад барои назорати пардохтҳо азнавбақайдгирии нафақагиронро, аз ҷумла тариқи биометрӣ ҷорӣ кунад. Аммо, таъкид мекунад, ки «чунин тадбирҳо бояд дар доираи қонун амалӣ шуда, ҳуқуқҳои шаҳрвандонро маҳдуд накунанд».
Хуршед Қурбоншоев мегӯяд, азнавбақайдгирӣ ҳамчун тадбир қобили қабул аст, «аммо татбиқи он бояд чунон ба роҳ монда шавад, ки ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон нақз нагарданд».
Ба гуфтаи Қурбоншоев, дар сурати набудани чунин имконият, шахсони манфиатдор метавонанд қарорҳои қабулшударо тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ мавриди баҳс қарор дода ба мақомоти дахлдор ё ба додгоҳ муроҷиат кунанд.
Ёдовар мешавем, ки азнавбақайдгирӣ ё шинохти чеҳраи нафақагирон мувофиқи Протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2025, № 11 сурат гирифт. Ба иттилои Оҷонсии нафақа то 1-уми майи имсол 830 ҳазору 907 нафар шиносоӣ шудаанд.
Дар умум, 1-уми майи соли 2026 ин ниҳод дар сомонааш навишт, ки дар Тоҷикистон 854 ҳазору 370 нафақагир ба қайд гирифта шудааст. Ва ин 14 ҳазору 022 нафақагири пардохти нафақаашон қатъшуда дар ин рӯйхат шомил нестанд. Ҳамчунин, тафовути рақам дар омори нафақагирон ба бақайдгирии нафақагирони нав марбут аст.
Ҳоло дар кишвар ҳаҷми нафақаи миёна, аз ҷумла, нафақаи суғуртавӣ ба 510 сомонӣ, нафақаи меҳнатӣ ба 646 сомонӣ ва нафақаи иҷтимоӣ ба 355 сомонӣ баробар аст.
Сарчашма: asiaplus.news

»Шаҳрвандоне, нафақаашон қатъ шудааст, пас аз муроҷиат ба Оҷонсӣ ва зерсохторҳои он ва муайянкунии шахсияти онҳо нафақаашон аз муҳлати қатъшуда барқарор мешавад ва ҳамаи маблағҳои ин давра пурра пардохт мешавад», — гуфт ҳамсуҳбати мо.Аз Оҷонсии нафақа ба саволи «Азия-Плюс» дар бораи он ки нафақагирони аз бақайдгирӣ нагузашта чӣ кор кунанд, посухи мушаххас надоданд, аммо кутоҳ гуфтанд, ки «он барои ҳамаи нафақагирон дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳатмӣ мебошад».
»Шахсони ваколатдори нафақагир (бо доштани ваколатномаи амалкунанда) ба ҷойи нафақагири дар хориҷ буда, наметавонанд азнавбақайдгирии шинохти чеҳра гузаранд, ҳузури нафақагир ҳатмӣ мебошад», — омадааст дар посухи ин ниҳод.
Вале Хуршед Қурбоншоев, ҳуқушиноси тоҷик мегӯяд, «мувофиқи моддаи 39 Қонуни асосии Тоҷикистон, ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ ба ҳар як шаҳрванд кафолат дода мешавад. Ҳамзамон, моддаи 99 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони гирифтани нафақаро тавассути ваколатнома пешбинӣ мекунад ва меъёрҳои Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон низ уҳдадор месозанд, ки ваколати намоянда эътироф карда шавад».
Ба гуфтаи ӯ, давлат ҳақ дорад барои назорати пардохтҳо азнавбақайдгирии нафақагиронро, аз ҷумла тариқи биометрӣ ҷорӣ кунад. Аммо, таъкид мекунад, ки «чунин тадбирҳо бояд дар доираи қонун амалӣ шуда, ҳуқуқҳои шаҳрвандонро маҳдуд накунанд».
Хуршед Қурбоншоев мегӯяд, азнавбақайдгирӣ ҳамчун тадбир қобили қабул аст, «аммо татбиқи он бояд чунон ба роҳ монда шавад, ки ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон нақз нагарданд».
»Агар барои шаҳрвандоне, ки дар хориҷ қарор доранд, имконияти воқеии гузаштани азнавбақайдгирӣ, бо роҳҳои пешниҳоди фосилавии маълумоти биометрӣ, тавассути консулгариву намояндагиҳо ё дигар роҳҳои алтернативӣ пешниҳод нагардида бошанд, дар чунин ҳолат, қатъ намудани пардохтҳо, новобаста аз мавҷуд будани ваколатнома, метавонад ба маҳдудияти номутаносиб оварда расонад», — таъкид кард ин ҳуқуқшинос.
Ба гуфтаи Қурбоншоев, дар сурати набудани чунин имконият, шахсони манфиатдор метавонанд қарорҳои қабулшударо тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ мавриди баҳс қарор дода ба мақомоти дахлдор ё ба додгоҳ муроҷиат кунанд.
Ёдовар мешавем, ки азнавбақайдгирӣ ё шинохти чеҳраи нафақагирон мувофиқи Протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2025, № 11 сурат гирифт. Ба иттилои Оҷонсии нафақа то 1-уми майи имсол 830 ҳазору 907 нафар шиносоӣ шудаанд.
Дар умум, 1-уми майи соли 2026 ин ниҳод дар сомонааш навишт, ки дар Тоҷикистон 854 ҳазору 370 нафақагир ба қайд гирифта шудааст. Ва ин 14 ҳазору 022 нафақагири пардохти нафақаашон қатъшуда дар ин рӯйхат шомил нестанд. Ҳамчунин, тафовути рақам дар омори нафақагирон ба бақайдгирии нафақагирони нав марбут аст.
Ҳоло дар кишвар ҳаҷми нафақаи миёна, аз ҷумла, нафақаи суғуртавӣ ба 510 сомонӣ, нафақаи меҳнатӣ ба 646 сомонӣ ва нафақаи иҷтимоӣ ба 355 сомонӣ баробар аст.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)