< Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ
Дар беш аз чор моҳи соли равон (аз 1-уми январ то 13-уми май) 56 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва 8 тани дигар дар натиҷаи офатҳои табиӣ ҷони худро аз даст додаанд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода (КҲФ) ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд.
Аз ин ниҳод гуфтанд, 56 кас дар пайи чунин ҳодисаҳои нохуш ҷон бохтанд:
— 36 ғарқшавӣ;
— 9 худкушӣ;
— 9 садама;
— 1 пайдо кардани ҷасад баъди бедаракшавӣ;
— 1 пайдо кардани ҷасад дар шароити марги мармуз.
Марги қариб 40 кас дар пайи ғарқшавӣ дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон
«Дар маҷмуъ, дар ин давра 42 ҳолати ғарқшавии одамон сабт шудааст, ки 6 кас наҷот дода шуданд. Аз теъдоди умумии ғаршудаҳо, 18 тан кӯдаку наврас мебошанд.Ин ҳодиса бештар дар вилояти Хатлон (10-ҳолат) ва шаҳру ноҳияҳои тобеи кишвар (11-ҳолат) рух додаааст», — гуфтанд аз КҲФ.



Аз ин ниҳод гуфтанд, ки дар пайи зиёд шудани ҳодисаҳои ғарқшавӣ масъулини ин ниҳод дар байни сокинон риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозиро мефаҳмонанд. Аз ҷумла рӯзи 14-уми май дар чанд мактаби шаҳри Ҳисор ба хонандагон хатари шиноварӣ дар ҷойҳои манъшуда, аз ҷумла каналу дарёҳо ва оқибатҳои он таъкид шуда, ба наврасон тавсия додаанд, ки бе калонсолон ба оббозӣ нараванд.
Соли 2025 дар кишвар 180 нафар дар пайи ғарқшавӣ ҷони худро аз даст дода буданд: 32 зан ва 148 мард.

Ҷон бохтани 8 кас дар пайи ҳодисаи табиӣ дар чаҳор моҳ
Намояндаи ин ниҳод гуфт, дар 4 моҳи охир, дар кишвар 644 ҳодисаи табиӣ рух додааст, ки дар пайи онҳо 8 кас ҷон бохта, 122 кас наҷот дода шудаанд:
  • — 3 кас дар пайи фаромадани тарма ва ярч;
  • — 1 кас дар пайи сангрезӣ;
  • — 1 кас дар пайи раъду барқ;
  • — 3 кас дар пайи селу обхезӣ.
Аз ин ниҳод гуфтанд, зарари расида ба иқтисоди кишвар аз офатҳои табиӣ ҳоло маълум нест.
Соли гузашта дар Тоҷикистон 287 ҳодисаи фавқулода ва офати табиӣ сабт шуда буд, ки дар пайи он 6 нафар ҷон бохта, ба иқтисоди кишвар 20 миллиону 758 ҳазор сомонӣ зарар расидааст.

Ёдовар мешавем, ки шаби 1-уми май дар шаҳри Кӯлоб сел омад, ки дар пайи он се нафар ҷони худро аз даст дода, се тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Чанд хона ва иншооти гуногун зарар дидаанд. Ҳоло хисороти обхезӣ дар шаҳри Кӯлоб маълум нест. Мақомот қаблан гуфтанд, дар пайи сел дар ин шаҳр 850 оила зарар дидааст.

Тафсилоти ин ҳодиса ва ҳаёти сокинони шаҳрро баъди обхезӣ дар гузориши «Ҳамаи дороиам зери обу лой монд». Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд? мутолиа кунед.


Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий