< Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст! » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!
​Абдунабӣ Сатторзода дар як сӯҳбат ба мо гуфт, ки «Азия-Плюс» аз оғози фаъолияташ ҳамчун як бюллетени хурд то табдил шудан ба як гурӯҳи бузурги расонаӣ, тавонист фазои матбуоти тоҷикро дигаргун созад.

Ба гуфтаи ӯ, ҷавҳари асосии ин расона дар он аст, ки масъалаҳои «доғи рӯз"-ро на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки дар сатҳи рӯзноманигории байналмилалӣ ба миён мегузорад.

Дипломат нақши ин расонаро дар ташаккули имиҷи мусбати Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ калидӣ дониста, иброз дошт, ки хориҷиҳо маҳз ба иттилооти воқеии «Азия-Плюс» эътимод доранд.

Вай афзуд, ки фаъолияти «Азия-Плюс» барои ҳукумат низ манфиатбахш аст, зеро имкон медиҳад, ки масъулин мушкилоти мавҷударо сари вақт дарк карда, роҳҳои ҳалли онҳоро пайдо кунад.

Сатторзода даъват кард, ки расона дар инъикоси мушкилоти дохилӣ ҷасорати бештар нишон дода, барои таҳлили амиқи масъалаҳо коршиносони варзидаро ҷалб кунад. Ба бовари ӯ, «Азия-Плюс» дорои иқтидорест, ки метавонад дар тарбияи тафаккури миллӣ, аз байн бурдани маҳалгароӣ ва ташаккули миллати комил саҳми таърихӣ гузорад.

Муфассал дар ин навор тамошо кунед:




Ёдовар мешавем, ки 2-юми апрел соли 1996 аввалин варақаи иттилоотӣ — таҳлилии «Азия-Плюс» ба наш расид. Нашри ин варақаи иттилоотӣ таҳлилӣ, ба ташаккули Гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» оғоз бахшид.

Он имрӯз ҳафтанома, радио ва оҷонсии иттилоотиро муттаҳид мекунад ва барои миллионҳо мухотаби худ бо се забон — забони давлатӣ, яъне тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мӯҳтавои босифат ва боэътимод таҳияву пешниҳод менамояд.

Сарчашма: hamsinf.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий