Ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои мудирияти захираҳои об баррасӣ гардид
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Покистонро дар соҳаҳои мудирияти захираҳои об, беҳтарсозии сифати об, таҳқиқоти илмӣ ва табодули таҷрибаи мутахассисони соҳавӣ баррасӣ намуданд. Ҳамчунин аҳамияти таҳкими ҳамкории ниҳодӣ ва рушди лоиҳаҳои муштараки илмӣ-пажӯҳишӣ таъкид карда шуд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Ҳифза Рашидро барои иштирок дар Конфронси чоруми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018–2028, ки аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки натиҷаҳои мулоқот ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаи об ва рушди устувори захираҳои табиӣ мусоидат мекунад.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)