< Гроссӣ: “Хатари ҷанги ҳастаӣ ба болотарин сатҳ аз замони Ҷанги сард расидааст” » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Гроссӣ: “Хатари ҷанги ҳастаӣ ба болотарин сатҳ аз замони Ҷанги сард расидааст”

Гроссӣ: “Хатари ҷанги ҳастаӣ ба болотарин сатҳ аз замони Ҷанги сард расидааст”
​Гроссӣ рӯзи душанбе, 27-уми апрел ин изҳоротро дар 11-умин Конфронси бознигарии муоҳидаи манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ (NPT) дар Ню-Йорк матраҳ кардааст.

Ӯ гуфта, ки ин муоҳида беш аз панҷ даҳа аст, ки побарҷо монда ва 191 кишвари ҷаҳон, шомили давлатҳои дорои силоҳи ҳастаӣ ва бидуни он, ба он пайвастаанд ва масъулияти муштараке дар ин замина доранд.

Ба гуфтаи ӯ, вазъияти кунунии ҷаҳон бисёр «ҳассос ва ноустувор» аст ва ҷангҳо дар Аврупо ва Ховари Миёна бори дигар бозгашта ва чаҳорчӯбҳои чандҷонибаи амниятӣ таҳти фишори ҷиддӣ қарор гирифтаанд.

Гроссӣ ҳушдор додааст, ки дар вазъияти феълӣ ҷаҳон бо афзоиши бозигарон, густариши хатарҳо ва коҳиши шаффофият дар ҳавзаи ҳастаӣ рӯбарӯ аст.

Мудири кулли Агентии байналмилалии энергияи атомӣ дар айни ҳол гуфтааст, ки фанноварии ҳастаӣ бояд барои аҳдофи сулҳомез, аз ҷумла энергия, тандурустӣ, амнияти ғизоӣ ва ҳифзи муҳити зист, ба гунаи густурдатаре дар ихтиёри кишварҳо қарор гирад.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий