< Зиёратшо Қаландаровро кӣ кушт? Таҳқиқи ҳодисаи 32 сол пеш » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Зиёратшо Қаландаровро кӣ кушт? Таҳқиқи ҳодисаи 32 сол пеш

Зиёратшо Қаландаровро кӣ кушт? Таҳқиқи ҳодисаи 32 сол пеш
​Ин ҳодиса дар соли 1994 дар авҷи ҷанги дохилии Тоҷикистон рӯй дода, яке аз гумонзадҳо Шарифи Ширинҷон нав дастгир шудааст.
Шарифи Ширинҷон, машҳур бо лақаби «Шарифи Каллабур», яке аз размандагони собиқи нерӯҳои мухолифин будааст.
Талоши мо барои суҳбат бо наздикони ӯ натиҷа надод.

Зоиршо Қаландаров, писари Зиёратшо Қаландаров, рӯзи 9-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, дар қатли падараш ду нафари дигар гумонзад ҳастанд.

«Чанде пеш Шарифи Ширинҷонро ба хонаи мо оварда, дар бораи шеваи ба қатл расондани падарам пурсиданд ва ба навор гирифтанд. Гуфт, се нафар буданд ва мусаллаҳ. Вориди хонаи мо шуда, падарамро куштаанд,» — афзуд Зоиршо Қаландаров. Худи ӯ дар вақти ҳодиса ҳашт сол доштааст.

Ангезаи куштор маълум нест.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо далели идомаи тафтиши ҳодиса ҷузъиётро нагуфтанд.

Пайвандони Зиёратшоҳ Қаландаров мунтазири таҳқиқи пурра ва мунсифона ҳастанд.


Сарчашма: ozodi.org​

Комментарии (0)

Оставить комментарий