Боздошти як муҳосиб дар Варзоб барои "тасарруф"-и беш аз 1 млн сомонӣ
Ин ниҳод рӯзи 31-уми март дар хабарномае навиштааст, ки муҳосиби Беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб бо истифода аз ваколатҳои мансаби худ ва «барзиёд нишон додани маоши кормандони беморхона ва дигар пардохтҳо», дар солҳои 2022- 2025 беш аз 1 миллиону 147 ҳазор сомониро аз худ кардааст.
Бино ба хабари Оҷонсӣ, Сиддиқов Б.Б ин амалҳоро дар давраи фаъолияташ ба ҳайси сармуҳосиби Беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб ва баъдан муҳосиби ин корхона анҷом дода, «ба давлат зарари махсусан калон расондааст».
Мавқеи мансабдор ба ин иттиҳом маълум нест.
Ба иттилои Оҷонсӣ, нисбати Сиддиқов бар асоси се модда, аз ҷумла, барои аз худ кардани моли давлат ва қаллобӣ ба миқдори махсусан калон парвандаи ҷиноятӣ боз ва ба додгоҳ ирсол шудааст.
Бори аввал нест, ки мансабдоре дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ба ҷиноят муттаҳам мешаванд. Қаллобӣ, сохтакории ҳуҷҷат ё баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, аз ҷумлаи иттиҳомҳои маъмул алайҳи онҳост.
То кунун бархе бо ҳамин далел боздошту зиндонӣ шуда, бархеи дигар бо пардохти ҷуброн аз ҷавобгарӣ озод гаштаанд.
Сарчашма: ozodi.org

Комментарии (0)