< Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
​Дар мулоқоти Сафир бо Директори департаменти робитаҳои хориҷии Вазорати маориф, варзиш ва ҷавонони Ҷумҳурии Чехия Ладислав Бановек ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф ва илм баррасӣ намуданд. Ба тақвияти мубодилаи академӣ, густариши робитаҳо байни донишгоҳҳо, инчунин ҳамкорӣ дар самтҳои варзиш ва сиёсати ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Имомудин Сатторов зимни мулоқот бо аъзои Палатаи вакилони Парлумони Ҷумҳурии Чехия Ян Бартошек таҳкими ҳамкории байнипарлумонӣ ва рушди муколама дар самтҳои дорои манфиати мутақобила таъкид намуда, саҳми гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумониро дар густариши ин раванд муҳим арзёбӣ карданд.



Дар мулоқот зарурати тавсеаи робитаҳои мустақим байни ширкатҳо таъкид шуда, инчунин имкониятҳои васеи ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши робитаҳо ва ташкили сафарҳои мутақобилаи ҳайатҳои иқтисодӣ иброз намуданд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий