< Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд

Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
​Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин раёсат хабар доданд, кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ зимни баргузории ин иқдом ба  иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ аҳамияти риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро шарҳ дода, ба сокинон варақаҳои таблиғотӣ тақсим намуданд.
Ба иштирокчиён шарҳ дода шуд, ки истифодаи тасмаи бехатарӣ метавонад хатари ҷароҳатҳои вазнинро ҳангоми садама ба маротиб коҳиш дода, ҷони инсонро наҷот бахшад.

Бояд гуфт, ки мувофиқи талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ронандаи воситаи нақлиёт уҳдадор аст, ки ҳангоми ҳаракат тасмаи бехтариро бандад ва то даме, ки аз ҷониби мусофири дар курсии паҳлуи ронанда нишаста тасмаи бехатарӣ баста нашавад, воситаи нақлиётро ба ҳаракат надарорад. Ин яке аз талаботи асосӣ ва уҳдадории ҳар ронанда, новобаста аз воситаи нақлиёти ӯ ба ҳисоб меравад.
Тибқи муқаррароти моддаи 333-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми истифода накардани тасмаи бехатарӣ қонунгузорӣ таҳримҳои маъмурӣ пешбинӣ мекунад.

Барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки боиси зарар дидани воситаи нақлиёт, бор, роҳ, иншооти роҳ, иншоот ё молу мулки дигар гаштааст, ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати аз се то шаш моҳ таъйин карда мешавад. Барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт риоя накардани дигар қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба андозаи аз нисф то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Истифодаи тасмаи бехатарӣ, пеш аз ҳама, кафолати бехатарии ҳам ронанда ва ҳам мусофир аст. Мутаассифона, баъзе ронандаҳо аҳамияти тасмаи бехатариро нодида гирифта, танҳо дар ҳолати мушоҳида кардани кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ва дар айни замон дар мавзеъҳое, ки камераҳои мушоҳидавии роҳ насб гардидаанд, онро дарҳол барои ҷарима нашудан мебанданд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий