Нону гӯшту духтур. Дар Тоҷикистон пули оила бештар барои чӣ сарф мешавад?
Оҷонсии омори Тоҷикистон дар бораи буҷети хонаводаҳо бо такя ба маълумоти соли 2024 гузориши нав нашр кард (худи гузориш соли 2025 чоп шуд). Дар ҳуҷҷат доир ба даромади оилаҳо дар Тоҷикистон, ба куҷо сарф шудани пул дар шаҳру навоҳӣ муфассал маълумот дода мешавад.
Хулосаи асосӣ: афзоиши хароҷот идома дошта, қисмати асосии буҷети хонавода ба маҳсулоти хӯрокворӣ сарф мешавад.
Даромад зиёд шуд, аммо хароҷот низТайи солҳои ахир даромади аҳолӣ ба таври назаррас афзуд. Агар соли 2017 ба ҳар як узви оила ба ҳисоби миёна 329,68 сомонӣ дар як моҳ рост меомад, пас дар соли 2024 ин рақам то 1110,42 сомонӣ афзуд, ки беш аз се баробар зиёдтар аст.
Аммо қариб ҳамаи ин даромад ба хароҷоти ҷорӣ масраф мешавад. Соли 2024 оилаҳо ба як нафар ба ҳисоби миёна 1108,16 сомонӣ дар як моҳ харҷ мекарданд, яъне барои ҷамъ кардани пул чизе намемонд.
Асосан ба ғизо сарф мешавадСоли 2024 ба як нафар дар оила 570 сомонӣ дар як моҳ рост меомад, ки зиёда аз нисфи ҳамаи хароҷот аст (51,3%) аст. Барои муқоиса, соли 2017 хароҷот ба ғизо 162 сомониро ташкил медод, яъне давоми ҳафт сол он беш аз 3,5 баробар афзуд. Чунин болоравӣ натанҳо ба афзоиши даромади аҳолӣ, балки ба гароншавии маҳсулот низ вобаста аст.
Агар ба сохтори хароҷот ба ғизо дар соли 2024 назар андозем, аз ҳама бештар пул ба нон ва маснуоти нонӣ — 30,9%, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ — 24% сарф шудааст. Қисмати назарраси даромад ба харидории равғани растанӣ (8,2%) ва сабзавот — 7,8% рост меояд. Дар ҳамин ҳол, моҳӣ ва истеъмол дар муассисаҳои хӯроки умумӣ дар хароҷоти оила ҳиссаи ҳадди ақалро ташкил медиҳанд.
Маҳсулоти ғайриозуқа ва хидматрасониҳоЗинаи дуюмро дар буҷети оилаҳо маҳсулоти ғайриозуқа — либосу пойафзол, техникаи маишӣ ва дигар харидҳо касб кардаанд. Соли 2024 35,6%-и ҳамаи хароҷот ё каме бештар аз 395 сомонӣ барои як нафар дар як моҳ ба онҳо рост омадааст.
Ба пардохти хидматрасониҳо оилаҳо 12,2%-и хароҷотро равона кардаанд, ки ба ҳисоби миёна 135,6 сомонӣ дар як моҳро ташкил медиҳад. Аз ҳама бештари маблағ дар ин категория ба хидматрасониҳои манзилию коммуналӣ — 28,6% аз ҳамаи хароҷот масраф шудааст. Дар идома хароҷот ба нақлиёт 15,3%, алоқа — 15% ва хидматрасониҳои тиббӣ — 6% қарор доранд.
Шаҳру деҳот: фарқият назаррас астДар гузориш фарқияти ҷиддӣ миёни хонаводаҳои шаҳру деҳот ба назар мерасад. Соли 2024 даромад ба ҳисоби миёна ба як нафар 1401 сомонӣ дар як моҳро ташкил медод, дар ҳоле, ки дар деҳот он ба 934 сомонӣ баробар буд. Мутаносибан дар шаҳрҳо хароҷот ҳам баландтар аст: ба ҳисоби миёна — 1374 сомонӣ дар шаҳр ва 937 сомонӣ — дар деҳот.
Дар ҳамин ҳол, сохтори хароҷот фарқ мекунад. Дар шаҳрҳо ҳиссаи хароҷот ба ғизо баландтар буда, 54% ва дар деҳот — 47%-ро ташкил медиҳад. Ҳамзамон дар деҳот ҳиссаи маҳсулоти ғайриозуқа баланд — 59% ва дар шаҳрҳо — 32% аст.
Солҳои охир хароҷот чӣ гуна тағйир ёфтДар муқоиса бо соли 2023 ҳаҷми умуии хароҷот қариб тағйир наёфтааст. Аммо хароҷоти оилаҳо ба ғизо афзуда, ба маҳсулоти ғайриозуқа ва хидматрасониҳо камтар шудааст.
Ин метавонад маънои онро дошта бошад, ки болоравии нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ оилаҳоро маҷбур месозанд, ки пулро ба фоидаи қонеъ сохтани талаботи заминавӣ тақсим кунанд.
Сокинони кишвар чӣ мехӯранд?Дар соли 2024 ба ҳисоби миёна ба як нафар ба ин миқдор ғизо рост меомад:
Сокинони шаҳр бештар гӯшту нон ва сабзавот истеъмол намуда, дар деҳот истеъмоли шир нисбатан зиёдтар аст.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)