< Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд

Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд
​Зимни ташхис дар бемор кистаи бадани ғадуди зери меъда бо андозаи 17×9 см муайян карда шуд, ки ин ҳолат гузариши ғизоро ба рӯдаи дувоздаҳгузашта душвор мекард.

Баъд аз 24 соати амалиёти ҷарроҳӣ бемор ба хона рухсат дода шуд.

Қаблан барои табобати чунин беморон амалиёти ҷарроҳӣ ба таври кушода, яъне бо буриши ҷисм гузаронида мешуд. Ин ҳолат агар аз як ҷониб бо осеби бадани бемор анҷом меёфт, аз ҷониби дигар, муҳлати табобат ва барқарор гаштани вазъи саломатии беморонро зиёдтар мекард.

Бо усули нави ҷарроҳӣ беморон метавонанд бе буриш ва ҳамзамон баъди 24 соати амалиёти ҷарроҳӣ аз беморхона ба хона рухсат дода шаванд.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий