< Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
​Муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои гурӯҳи корӣ бо кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав суҳбат намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи ҳосилнокии зироат ва боғу токзор ба кишоварзон маслиҳатҳои муфид ва тавсияҳо дод. Сулаймон Зиёзода зимни шиносоӣ бо майдони боғу токзор, саҳрои хоҷагиҳо ва иштирок дар маъракаи кишти картошка оид ба кишту кор дар заминҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, масъалаҳои таъминот бо тухмии босифат, нуриҳои минералӣ, техникаи кишоварзӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обу замин суҳбат намуд.

Аъзои гурӯҳи корӣ ҳамзамон бо  омодагии пойгоҳҳои обкашӣ дар ин шаҳру ноҳияҳо шинос гардид ва ба роҳбарияти Агентии давлатии беҳдошти замин барои таъмиру барқарор намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва насби насосҳои ба талабот ҷавобгӯ дастурҳои мушаххас дода шуд.

 Ҳамзамон ба масъулини хоҷагиҳои кишоварзӣ барои боз ҳам рушд додани соҳаи кишоварзӣ, риояи қоидаҳои агротехникӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, истифодаи самараноки ҳар қитъаи замин, саҳм гузоштан дар таъмини  амнияти озуқворӣ ва иҷрои босифати дурнамои кишоварзӣ  тавсия ва маслиҳатҳои муфид пешниҳод карда шуд.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий