Дар пайи садамае дар роҳи Душанбе-Хуҷанд 5 узви ду хонадон ҷон бохтаанд
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД), Мастибек Шоҳназаров, сокини 38-солаи ноҳияи Айнӣ ва ронандаи худрави «Тайота карола версо» ҳангоми ҳаракат аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба тарафи муқобил рафтаву ба мошини борбари «Волво трак», ки таҳти идораи Зикрулло Атобулоеви сокини 49-солаи ноҳияи Мастчоҳ буд, бархурдааст.
Дар натиҷа, Мастибек Шоҳназаров ҳамроҳ бо 4 мусофир мошинаш ҷон бохтаанд. Аз қурбониёни дигар чунин ном бурда мешавад:
Садбарг Ашӯроваи 46-сола;
Раҳмоназир Ашӯрови 52-сола;
Меҳрубон Ашӯроваи 47-сола;
Завқибек Шоҳназарови 46-сола.
Мақомот мегӯянд, ин ҳодисаро тафтиш доранд.
Навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, вокуниши зиёди корбаронро ба бор овардааст.
Бояд гуфт, ки ҳар сол дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар садҳо нафар захмӣ ва кушта мешаванд. Тибқи маълумоти расмӣ, соли гузашта дар кишвар 1 ҳазору 373 садамаи нақлиётӣ сабт шуда, дар пайи он, 643 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ҳамчунин, дар ин ҳодисаҳо 1 ҳазору 542 тан ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Ин дар ҳолест, ки соли 2024-ум дар Тоҷикистон 1 ҳазору 233 сонеҳа рух дода, дар натиҷа 552 тан ҷон бохта буд. Соли 2023 бошад, мақомот аз марги 519 кас дар дар пайи 1 ҳазору 111 садама хабар дода буданд.
Мақомот дар бештари маврид ронандагонро айбдор мекунад, ки қоидаҳои сабқатро риоя намекунанд, ба самти муқобил мебароянд, бо суръати баланд ва гоҳе дар ҳолати мастӣ мошинро идора мекунанд.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)