"Ду моҳи дигар муҳлат доданд". Оҷонсии нафақа сабаби тӯл кашидани бақайдгирии нафақагиронро шарҳ дод
Абдураҳмон Ҳалимзод, раҳбари Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар гуфт, бо сабаби сард омадани ҳаво натавонистанд бақайдгирии чеҳраи нафақагиронро ба анҷом расонанд ва аз ин рӯ, ҳукумат барои ин кор 2 моҳи дигар муҳлат дод.
«Моҳи декабр дар бисёр минтақаҳои кишвар ҳаво сард омад. Бо сабабҳои техникӣ ва дигар сабабҳо мо натавонистем пурра бақайдгириро ба анҷом расонем», — зикр кард ӯ.
Ҳалимзод дар нишасти матбуотии ин ниҳод рӯзи 13 феврал гуфт, бақайдгирии нафақагирон 1-уми декабр шуруъ шуд ва то ҳол (13-уми феврал) 839 ҳазору 968 ё 95,7% нафақагир аллакай, шиносоӣ шудаанд.
Ӯ афзуд, ҳадаф аз бақайдгирии нафақагирон муайян кардани ҳувияти нафақагир аст, ки зинда ва дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳаст.

Абдураҳмон Ҳалимзод
«Айнияткунонӣ мунтазам идома меёбад, чунки ҳамарӯза мо нафақагири нав ба қайд мегирем», — илова кард ӯ.Чанде пеш аз Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои рақамии кишвар ба «Азия-Плюс» иттилоъ дода буданд, ки шиносоии чеҳраи нафақагирон то 1-уми феврали имсол 80% иҷро шудааст.
Хуршед Файзуллозода, раҳбари ин Оҷонсӣ 6-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, ин низом метавонад, «омилҳои инсониро, ки дар миён ҳаст, аз байн барад» ва дар оянда нафақагирон метавонанд, маблағи нафақаашонро ба дилхоҳ корт ё ҳамёне, ки дар махзан ворид мекунанд, гиранд.
Бояд гуфт, тасмими бақайдгирӣ ё шиносоии чеҳраи нафақагирон дар асоси супориши ҳукумати Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2025 гирифта шуд. Дар асоси он, фармоиши роҳбари Оҷонсӣ аз 14-уми ноябри соли 2025 дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ имзо шудааст.
Бақайдгирии маълумот ва чеҳраи нафақахӯрон тариқи телефон сурат мегирад ва аксу иттилои онҳо дар барномаи алоҳида ҷой дода мешавад. Барои ин нафақахӯронро зарур аст, ки бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи худ ба шуъбаҳои Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа муроҷиат кунанд.
Оҷонсии бимаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар ҳадафи барномаро «шаффофият ва самаранокии идоракунӣ» унвон карда афзуда буд, ки он дар тамоми 68 шаҳру ноҳияи кишвар анҷом дода мешавад.
Тибқи иттилои расмӣ, ба ҳолати 1-уми январи соли 2026 теъдоди нафақагирон дар кишвар 877 ҳазору 206 нафар аст. Ҳоло дар кишвар ҳаҷми нафақаи миёна, аз ҷумла, нафақаи суғуртавӣ ба 509 сомонӣ, нафақаи меҳнатӣ ба 641 сомонӣ ва нафақаи иҷтимоӣ ба 362 сомонӣ баробар аст.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)