Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид
Бояд гуфт, ки мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Раиси вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, инчунин соҳибкорони ноҳия дар сатҳи баланд баргузор гардид. Аз ҷониби ташкилкунандагони мусобиқа ба паҳлавонони ғолиб туҳфаҳои арзишманд, аз қабили Шоҳҷоиза, мошини сабукрав, маблағҳои пулӣ, қолин, кондитсионер, яхдон, буз, гӯсфанд, гов, асп, уштур ва дигар туҳфаҳо супорида шуданд.
Барои Шоҳҷоизаи мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Ёвон ду паҳлавон- Ғазалшоҳи Давлатшо аз ноҳияи Ёвон ва Абубакри Акобир аз ноҳияи Балҷувон давоми як соат бо ҳам рақобат карданд, вале ғолиб муайян нашуд.
Дар мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Ёвон ҳунару маҳорати паҳлавонони тоҷик Набӣ Нуралӣ аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва Хурсандқул Куганов аз ноҳияи Ёвон назар ба дигар паҳлавонон беҳтар буд. Онҳо бар се-чор ҳарифашон ғолиб омада, сазовори ҷоизаҳои олӣ гардиданд.
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»
Сарчашма:khovar.tj

Комментарии (0)