< Дар Тоҷикистон чӣ қадар воситаи нақлиёт сабт шудааст? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Тоҷикистон чӣ қадар воситаи нақлиёт сабт шудааст?

Дар Тоҷикистон чӣ қадар воситаи нақлиёт сабт шудааст?
​​Соли 2025 ба Тоҷикистон ба маблағи 684,9 млн доллари ИМА, 63 ҳазору 961 мошини сабукрав ворид шудааст, ки ин рақам назар ба соли 2024-ум 16 ҳазору 667 адад зиёд аст. Дар ин бора Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Соли 2024 ба кишвар ба маблағи 521,2 млн доллар, 47 ҳазору 294 мошини сабукрав ворид шуда буд.

«Вақте маблағи нобудсозии мошинҳо ҷорӣ шуд, дар ҳама ҷо ҷор заданд (нагуфт, ки кӣ ҷор задааст, аз идора), ки дигар ба Тоҷикистон мошин ворид намешавад. Соли 2025 танҳо мошини сабукрав назар ба соли 2024-ум 16 ҳазору 600 бештар ворид шуд», — изҳор дошт Каримзода.

Дар ҳамин ҳол, маълум нест, ки соли гузашта ба Тоҷикистон дигар навъи нақлиёт чӣ миқдор оварда шудааст.


Хуршед Каримзода

Ба иттилои Хадамоти гумрук, қисми бештари воситаҳои нақлиёт аз 10 кишвари зерин ворид шудааст:
Чин — 28%;
Русия — 26,9%;
Қазоқистон — 13,3%;
Ӯзбекистон — 5,2%;
Эрон — 4,5%;
Белорус — 2,6%;
Туркия — 2,4%;
Туркия — 2,4%;
Ҷумҳурии Корея — 2,4%;
Олмон — 1,6%;
Ҷопон — 1,4%

Ҳамчунин, Хуршед Каримзода илова кард, ки соли гузашта воридоти нақлиёти барқӣ, аз ҷумла, электромобилҳо, электробусҳо ва тролейбусҳо ба маблағи 1 млрд 181 млн сомонӣ аз пардохтҳои гумрукӣ озод шудааст. Вале ӯ нагуфт, ки дар ин давра чӣ қадар мошинҳои барқӣ ба кишвар оварда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Вазорати нақлиёт, то 1-уми июни соли 2025 дар кишвар 34 ҳазору 354 нақлиёти барқӣ буд. Соли 2024 ба Тоҷикистон 17 ҳазору 695 ва давоми 5 моҳи аввали соли 2025 — 12 ҳазору 821 электромобил ворид шудааст.

Ин ниҳод чанде пеш дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар Тоҷикистон 701 ҳазору 231 адад воситаи нақлиёт, аз ҷумла, 676 ҳазору 782 адад мошини сабукрав ба қайд гирифта шудааст.


Сарчашма: asiaplustj.info
​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий