< Аъзои як оила дар Душанбе духтари 21-солаи худро меҷӯянд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Аъзои як оила дар Душанбе духтари 21-солаи худро меҷӯянд

Аъзои як оила дар Душанбе духтари 21-солаи худро меҷӯянд
​Ба гуфтаи наздикон, Таҳмина Шарифова, донишҷӯйи коллеҷ ё омӯзишгоҳи тиббӣ дар пойтахт рӯзи дуюми феврал баъди бозгашт аз дарс бедарак шудааст.

Ба нақли падараш, «ӯ бегоҳи он рӯз аз хона ба мағоза рафт ва бо ҳамин нопадид шуд.

Зангҳои пайиҳами телефонии волидон беҷавоб монда, пас аз соати даҳи шаб телефон комилан хомӯш шудааст. Ҷустуҷӯҳои наздикон ва мақомоти интизомӣ то имрӯз натиҷа надодаанд.

Наздикони Таҳмина, ки дар ноҳияи Фирдавсӣ ва наздик ба рӯдхонаи Душанбе зиндагӣ доранд, мегӯянд, дарёву кӯлҳоро ҷустуҷӯ ва ҳама хешу наздиконро пурсуҷӯ кардаанд, аммо аз ӯ нишоне нест.

Сарчашма: ozodi.org​

Комментарии (0)

Оставить комментарий