< НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи ҳисоб беш аз 710 миллион сомонӣ вайронкунии низоми молиявиро ошкор намуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи ҳисоб беш аз 710 миллион сомонӣ вайронкунии низоми молиявиро ошкор намуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи ҳисоб беш аз 710 миллион сомонӣ вайронкунии низоми молиявиро ошкор намуд
​Оид ба бартараф намудани камбудию норасоиҳои муайянгардида тадбирҳои мушаххас андешида шуда, ба суратҳисобҳои «Маблағҳои зарару камомад ва тасарруф» дар Корхонаи воҳиди давлатии «Амонатбонк» 110,7 миллион сомонӣ, дар Вазорати молия 40,5 миллион сомонӣ, ҷамъ 151,2 миллион сомонӣ ё нисбат ба соли 2024 72,5 миллион сомонӣ зиёд, дигар суратҳисобҳои дахлдори буҷети давлатӣ 307,8 миллион сомонӣ ва ба корхонаҳо 297,2 миллион сомонӣ барқарор гардид, ки 67,7 фоизи маблағи умумиро ташкил медиҳад.

Ҷамшед Каримзода гуфт, ки дар Палатаи ҳисоб ислоҳоти соҳавӣ идома дошта, соли 2025 дар доираи он маҳз барои аз байн бурдани духӯрагиҳо дар мафҳуми зарари молиявӣ, шаффофияти омори расмӣ, пешгирии такрорёбии рақамҳои беасос дар ҳисобот оид ба иҷрои буҷети давлатӣ ва аз натиҷаи чорабиниҳои назоратию санҷишӣ санади меъёрии «Таснифи вайронкунии қоидаҳои молиявӣ» таҳия ва мавриди амал қарор дода шуд.

Барои пешгирӣ ва бартарафсозии омилҳои такрорёбӣ дар рақамҳои иҷрои буҷети давлатӣ, ки ба ташаккули маблағҳои озоди ҳукумати ҷумҳурӣ монеа эҷод мекарданд, суратҳисоби «Маблағҳои зарару камомад ва тасарруф» ба Корхонаи воҳиди давлатии Боки амонатгузории «Амонатбонк» гузаронида шуд.

Гуфта шуд, ки зимни гузаронидани чорабиниҳои аудиторӣ дар 19 марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба маблағи 19,4 миллион сомонӣ қоидавайронкуниҳои молиявӣ муайян ва барқарор карда шуданд. Тибқи нақшаи корӣ дар 46 субъекти хоҷагидории давлатӣ чорабиниҳои аудиторӣ гузаронида шуда, қоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи 240,7 миллион сомонӣ муайян гардид ва аз он ба қадри 150 миллион сомонӣ барқарор карда шуд.

Аз натиҷаи чорабиниҳои аудитории Палатаи ҳисоб 63 мавод ба маблағи 68,8 миллион сомонӣ барои чораҷӯӣ ва қабули қарорҳои дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла ба Прокуратураи генералӣ 33 мавод ба маблағи 43,3 миллион сомонӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 26 мавод ба маблағи 24,8 миллион сомонӣ ва ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 4 мавод ба маблағи 624,8 ҳазор сомонӣ ирсол гардид.

Барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ ба вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо ва марказҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ 36 хулоса ва мактубҳои хабарӣ бо 1540 тавсияи судманд ирсол карда шуд. Аз баррасии онҳо 44 қарору фармон қабул гардида, 222 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашида шуданд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий