< Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар гардиши дараи Алмосӣ барои гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ муҷассама гузошта мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар гардиши дараи Алмосӣ барои гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ муҷассама гузошта мешавад

Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар гардиши дараи Алмосӣ барои гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ муҷассама гузошта мешавад
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки пайкарасозон бо тавсияи коршиносони соҳаи меъморӣ лоиҳаи маҷмааро бо сабки меъмории анъанавии тоҷикӣ, нақшу нигор ва санъати миллӣ, иборат аз ду пайкараи марду зане, ки бо хушҳолӣ сабади меваю ангур ва баррача рӯи даст доранд, болои пояи мармарини дохили секунҷаи гулпӯш тарҳрезӣ кардаанд. Маҷмаа басе зебою пурмазмун ба назар мерасад ва яке аз гӯшаҳои дилрабою макони меваҳои ширин ва ватани гӯсфанди зоти ҳисорӣ будани Ҳисори зарнисорро таҷассум менамояд.

Дар робита ба ин дар гардиши дараи Алмосӣ сохтмони муҷассама оғоз гардид. Изҳори итминон карда шуд, ки муҷассама дар арафаи чорабиниҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз мавриди истифода қарор мегирад.

Бояд гуфт, ки 7-8 июли соли 2025 дар пойтахти Италия- шаҳри Рим ҷаласаи гурӯҳи илмию машваратии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид. Дар он ба дараи Алмосии шаҳри Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мақоми «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» дода шуд, ки дар Осиёи Марказӣ ягона мебошад. Ба низоми мероси кишоварзии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мавзеъҳое дохил мегарданд, ки аз ҷиҳати кишоварзӣ, гуногунии биологӣ ва фарҳангӣ аз дигар мавзеъҳо фарқ мекунанд.

Ворид гардидани дараи Алмосӣ ба феҳристи GIAHS ба рушди маҳал, ҷалби сармоя ба соҳаи кишоварзии минтақа, татбиқи барномаҳои давлатии ба соҳаи кишоварзӣ, сайёҳӣ ва бехатарии озуқаворӣ рабтдошта мусоидат менамояд. Зеро GIAHS – ташаббуси байналмилалии UNFAO –Барномаи ҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид буда, ба ҳифз ва рушди равиши ҳамгироие, ки устувории системаҳои кишоварзии анъанавиро бо истифода аз донишҳои суннатӣ, агробиогуногунӣ ва ландшафтҳои беназир ҳифз менамояд, равона шудааст.

Тибқи маълумоти мақомоти маҳаллӣ, солҳои охир барои беҳтар намудани инфрасохтори роҳҳо ва дастрасӣ ба деҳаҳо дар ин мавзеъ корҳои назаррас ба анҷом мерасанд. Аз ҷумла, роҳҳои байниноҳиявӣ ва деҳаҳои дараи Алмосӣ бо саҳми мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, шарикони рушд ва соҳибкорони маҳаллӣ таъмиру таҷдид ва навсозӣ карда шудаанд. Дараи Алмосӣ, ки дар минтақаи кӯҳии шаҳри Ҳисор ҷойгир аст, низоми кишоварзии нодирро доро мебошад, ки дар он чорводорӣ ва парвариши зироати кишоварзӣ якҷоя амал мекунад. Дар ин ҷо навъҳои маҳаллии гандум, ҷав, сабзавот ва ангур, бахусус ангури тоифии гулобӣ, ки ба иқлими ин маҳал хеле мутобиқ аст, парвариш меёбанд, ки аз он шарбату мавиз ва нӯшокию шароб истеҳсол мекунанд. Ҳамчунин дар ин минтақа гӯсфанди зоти ҳисорӣ, ки ба шароити сахти иқлим мутобиқ аст, парвариш карда мешавад.


Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий