Афзоиши худкушӣ миёни занон ва духтарон дар Тоҷикистон
Ба иттилои ин ниҳод, аз шумораи умумии худкшӣ, 261 худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷон ба занон ва духтарони ноболиғ рост меояд, ки дар муқоиса бо соли 2024 (246 ҳолат) 15 ҳолат зиёдтар мебошад: 212 ҳолат (соли 2024 — 202) ба занон ва 49 ҳолат (соли 2024 — 44) ба духтарони ноболиғ.

Бунафша Файзиддинзода
Дар Кумита зикр карданд, ки маълумоти оморӣ ба шиддати мушкили зӯроварӣ ва худкушӣ миёни занон ишора карда, таваҷҷуҳи доимӣ аз ҷониби ҷомеа ва сохторҳои давлатиро тақозо мекунанд.
Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи занон ва оила гуфт, ки омилҳои асосие, ки ба худкӯшӣ ва сӯиқасд ба ҷони занону духтарон сабаб мешавад, ин пеш аз ҳама, хушунати хонаводагӣ аз ҷониби шавҳар ё хешовандон душвориҳои равонӣ ва эҳсосӣ бо шумули афсурдаҳолӣ (депрессия) ва беилоҷӣ, муноқиша бо хешовандон ё ҳамсар бо шумули никоҳи маҷбурӣ ё маҳдуд кардани озодӣ, нодида гирифтани кумаки равонӣ ва дастрасии маҳдуд ба хадамоти иҷтимоӣ барои занон мебошад.
Ӯ ҳамчун, тақвияти тадбирҳои пешгирӣ, беҳтар кардани дастрасӣ ба дастгирии равонӣ ва ҳимоя аз ҳуқуқҳои занон даъват кард.
Яке аз чунин ҳодисаҳои пурсарусадо тобистони соли гузашта рух дод. Шаби 29 ба 30-юми июни соли 2025 дар ноҳияи Фархор Мадина Ҳалимова, як сокини маҳаллӣ ҳамроҳи 4 фарзандаш худро ба дарё партофт.
Ба зан муяссар шуд, ки ба соҳил баромада, худро наҷот диҳад. Вале ҳамаи фарзандонаш ғарқ шуда, ҷон доданд.
Мақомоти тафтишотӣ муайян карданд, ки зан аз сабаби рашки зиёд ва бемории рӯҳӣ ба ин амал даст задааст. Тибқи фарзияи тафтишот, Ҳалимова шавҳарашро ба доштани зани дуюм гумонбар медонистааст, ҳарчанд ин зимни тафтишот тасдиқ нашудааст.
Рӯзи 10-уми октябри соли 2025 додгоҳи вилояти Хатлон Мадина Ҳалимоваро барои одамкӯшӣ (моддаи 104 КҶ ҶТ) айбдор дониста, 20 сол раовнаи зиндон кард.
Мақомоти тафтишотӣ, ҳамчунин эҳтимоли даст доштани шавҳарашро ба ин амал санҷиданд, вале далелҳои айбдории ӯ тасдиқ нашудааст.
Сарчашма: asiaplustj.info

Бунафша Файзиддинзода
Дар Кумита зикр карданд, ки маълумоти оморӣ ба шиддати мушкили зӯроварӣ ва худкушӣ миёни занон ишора карда, таваҷҷуҳи доимӣ аз ҷониби ҷомеа ва сохторҳои давлатиро тақозо мекунанд.
Зикр шуд, ки давоми сол ба Кумита 3 ҳазору 609 муроҷиат ва шикояти тасдиқшудаи марбут ба хушунат ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 403 ҳолат зиёдтар мебошад. Аз ин миқдор 3 ҳазору 019 шикоят нисбат мардон ворид шудааст, ки 367 шикоят зиёдтар нисбат ба соли пешин аст.
Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи занон ва оила гуфт, ки омилҳои асосие, ки ба худкӯшӣ ва сӯиқасд ба ҷони занону духтарон сабаб мешавад, ин пеш аз ҳама, хушунати хонаводагӣ аз ҷониби шавҳар ё хешовандон душвориҳои равонӣ ва эҳсосӣ бо шумули афсурдаҳолӣ (депрессия) ва беилоҷӣ, муноқиша бо хешовандон ё ҳамсар бо шумули никоҳи маҷбурӣ ё маҳдуд кардани озодӣ, нодида гирифтани кумаки равонӣ ва дастрасии маҳдуд ба хадамоти иҷтимоӣ барои занон мебошад.
Ӯ ҳамчун, тақвияти тадбирҳои пешгирӣ, беҳтар кардани дастрасӣ ба дастгирии равонӣ ва ҳимоя аз ҳуқуқҳои занон даъват кард.
Худкушӣ ҳамчун эътироз?
Мушкилӣ худкӯшӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ аз сӯи занону духтарон, махсусан дар пайи шиканҷаи хонаводагӣ дар Тоҷикистон солҳост, ки доғ аст. Солҳои охир бархе занон на танҳо худ, ҳамчунин, бо қасди хуӯдкӯшӣ кӯдаконашонро ҳам қасд мекунанд. Коршиносон бар ин назаранд, ки ин афсурдаҳолӣ ва ё бемории равонӣ набуда, балки як навъ эътирози занон ба ба воқеъиятҳоест, ки онҳо бо он зиндагӣ мекунанд.Яке аз чунин ҳодисаҳои пурсарусадо тобистони соли гузашта рух дод. Шаби 29 ба 30-юми июни соли 2025 дар ноҳияи Фархор Мадина Ҳалимова, як сокини маҳаллӣ ҳамроҳи 4 фарзандаш худро ба дарё партофт.
Ба зан муяссар шуд, ки ба соҳил баромада, худро наҷот диҳад. Вале ҳамаи фарзандонаш ғарқ шуда, ҷон доданд.
Мақомоти тафтишотӣ муайян карданд, ки зан аз сабаби рашки зиёд ва бемории рӯҳӣ ба ин амал даст задааст. Тибқи фарзияи тафтишот, Ҳалимова шавҳарашро ба доштани зани дуюм гумонбар медонистааст, ҳарчанд ин зимни тафтишот тасдиқ нашудааст.
Рӯзи 10-уми октябри соли 2025 додгоҳи вилояти Хатлон Мадина Ҳалимоваро барои одамкӯшӣ (моддаи 104 КҶ ҶТ) айбдор дониста, 20 сол раовнаи зиндон кард.
Мақомоти тафтишотӣ, ҳамчунин эҳтимоли даст доштани шавҳарашро ба ин амал санҷиданд, вале далелҳои айбдории ӯ тасдиқ нашудааст.
Сарчашма: asiaplustj.info
Комментарии (0)